16 Сентябрь, 2021

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо WT «Shymkent Cup» шаш медал ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 11.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо WT «Shymkent Cup» шаш медал ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо WT ба хотираи Рашид Жуманов дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон аз 5 то 10 сентябр аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд. Дар он 795 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 24 варзишгар, 3 довар ва 3 мураббӣ ба ин мусобиқа сафарбар гардида, 6 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ — ба даст оварданд.

Медали тиллоро Руҳангез Аҳмадова дар вазни -29кг миёни наврасон сазовор гардид. Абдураҳим Иброҳимов дар вазни -20кг миёни кӯдакон соҳиби медали нуқра шуд. Медалҳои биринҷиро Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг) миёни калонсолон, Нозия Туймуродзода (-51кг) миёни наврасон, Азимҷон Абдуллоев (-32кг) ва Идрис Ҳасанов (-20кг) миёни кӯдакон ба даст оварданд.