16 Сентябрь, 2021

ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ

Нишонӣ: шаҳри Душабе хиёбони Рӯдакӣ 20

 Почтаи электронӣ: littifoki-kasaba.tj@mail.ru 

Тамоси телефонӣ: 223-23-25 

Муҳтарам алоқамандони саҳифаи ”ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ”— и сомонаи расмии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон алҳол ба чанд суоле, ки Шумо таваҷҷуҳи хосса доред, ҳуқуқшинос, ассистенти кафедраи ҳуқуқи  cоҳибкорӣ ва тиҷоратӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳкарим Шабонов посух медорад.

— Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат кадомҳоянд?

— Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат инҳоянд:

— озодии меҳнат;

— манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ;

— манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва

шароити меҳнаташон зарарнок;

— таъмини ҳуқуқ ба шароити меҳнати ҷавобгўи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ;

— афзалияти ҳаёт ва саломатии корманд нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ;

— таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ барои меҳнат, на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат;

— таъмини ҳуқуқ ба истироҳат;

— баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои кормандон;

— таъмини ҳуқуқи кормандон ва корфармоён ба муттаҳидшавӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ;

— кафолати таъминоти иҷтимоии кормандон;

— шарикии иҷтимоӣ;

— танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

— таъмини ҳуқуқи намояндагони кормандон барои назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба меҳнат.

Озодии меҳнат чӣ маъно дорад?

— Озодии меҳнат ба он маънӣ ҳаст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳад, ба малакаи худ ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунад, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад.

Ҳуқуқи ҳеҷ кас ба меҳнат наметавонад маҳдуд карда шавад, ба истиснои ҳолатҳо ва тартибе, ки бо Кодекси меҳнат  ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

— Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатиро шарҳ медодед?

— Ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст. Фарқият дар меҳнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат

нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ мебошанд (аз рўи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад. Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.