16 Сентябрь, 2021

Дар шаҳри Норак ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон роҳпаймоии идона ва ҷамъомади пуршукӯҳ доир шуд

Ба ифтихори бузургдошт аз ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Норак роҳпаймоии идона бо ҷалби  сокинони шаҳр дар фазои дӯстона, ҳамбастагию ҳамраъӣ  баргузор гардид. 

Қабл аз оғози роҳпаймоӣ Дилшод Асозода ҳамаи сокинони шаҳрро  бо ин рӯзи саид ва деринтизор,  рӯзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамагон осомони софу беғубор, сулҳу амонӣ ва комёбиҳои нав дар арсаи кору зиндагӣ таманно намуд.

 Дар роҳпаймоии идона Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуда, зикр дошт, ки 30 сол муқаддам ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ гардидему мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлу ба паҳлу  истода, то ба имрӯз дар пешрафту ободонии он содиқонаву софдилона хизмат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки наҷотдиҳанда ва меъмори воқеии истиқлолият мебошад, таъкид менамоян, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.  Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви  ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол пазируфта шуда, имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар  рушду нумӯъ ёфта истодаанд.