27 Ноябрь, 2021

Дар шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатӣ ботантана таҷлил гардид

ДУШАНБЕ, 05.10.2021. /АМИТ «Ховар»/5 октябр дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ дод сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар».

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, масъулин ва намояндагони вазорату идораҳо, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, адибону фаъолон, омӯзгорон ва муҳассилини мактабҳои олӣ ва миёнаи пойтахт иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ нахуст меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши китобҳо дидан намуданд.

Дар оғози ҳамоиш  Амирхон Қурбонзода зикр намуд, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу номус ба ҳисоб рафта, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад. Забон ҳамчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Бояд зикр намуд, ки 10 сол муқаддам, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.

Чорабинӣ бо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ ҷамъбаст гардида, устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони пойтахт бо пешниҳоди дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин, шеъру тарона, рақсҳои ҷаззоб ва сурудҳои тараннумкунандаи ваҳдату дӯстӣ, забону сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон хотири иштирокдорони ҳамоишро болида намуданд.