27 Ноябрь, 2021

Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми тоҷик хонд

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллатро ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст  ва пешвои асили мардуми тоҷик номида, эҳтироми беандозаи худро баён дошт.

Ӯ бо хушнудии зиёд Сарвари давлатро самимона табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доранд.

Дар ин робита, Шавкат Мирзиёев саҳми бебаҳои Пешвои миллатро дар солҳои охир ҷиҳати ба сатҳи комилан нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои байни мардумонамон, ки робитаҳои бисёрасраи таърихӣ доранд ва давлатҳоямон, ки ҳамсояҳои наздиктаринанд, махсус зикр намуд.

«Ман муколамаи шаффофамонро, ки ба наздикӣ дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, дар сарзамини зебоманзари Тоҷикистон доир гашта буд, бо эҳтироми хосса ба ёд меорам», — гуфт Президенти Узбекистон.

Дар идома, ӯ тазаккур дод, ки бо шарофати саъю талошҳои муштаракамон ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат, дӯстии абадӣ ва муносибатҳои некуҳамсоягӣ минбаъд ҳам мувофиқ ба иқтидорамон ҷиҳати нафъи умум рушд хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки ба унвонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон Садир Жапаров, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Беларус Александр Лукашенко, Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, инчунин аз Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев ва собиқ Президенти Украина Леонид Кучма ворид гардиданд.