20 Октябрь, 2021

ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ

Нишонӣ: шаҳри Душабе хиёбони Рӯдакӣ 20

 Почтаи электронӣ: littifoki-kasaba.tj@mail.ru 

Тамоси телефонӣ: 223-23-25 

Муҳтарам алоқамандони саҳифаи ”ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ”— и сомонаи расмии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, алҳол ба мо атрофи масоили маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик, шартномаи шогирдӣ ва санҷиш ҳангоми қабул ба кор аз ҷониби шаҳрвандон суолҳои зерин ворид гардидаанд. Дар ин бобат посухи мудири Шуъбаи ҳуқуқи  Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон Алӣ Иброҳим Саидзода пешкаши Шумо мегардад.

 Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздикро шарҳ медодед?

Масъалаи мазкур танзими худро дар моддаи 27 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл ёфтааст: 

  1. Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ў) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.
  2. Маҳдудиятҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк ё шахси ваколатдори ў дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ муқаррар карда шаванд.

— Дар кадом маврид ҳангоми қабул ба кор санҷиш таъин карда мешавад?

Тибқи талаботи моддаи 28 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо созиши тарафҳо, яъне байни корфармо ва корманд метавонад шартномаи меҳнатӣ бо санҷиши корманд баста шавад ва муҳлати он набояд аз се моҳ зиёд бошад.

Тибқи талаботи қисми 3 моддаи мазкур санҷиши пешакӣ нисбати шахсони зерин муқаррар карда намешавад:

— шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст;

— мутахассисони ҷавон, ки на дертар аз як сол баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи ихтисос маротибаи аввал тибқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд;

— шахсоне, ки тибқи озмун барои ишғоли вазифаҳои (мансаби) дахлдор ба кор қабул карда мешаванд;

— ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар;

— ба маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд.

Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набуд, ба ҳисоби муҳлати санҷиш дохил намегардад.

 Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин қайд, корманд бе санҷиши пешакӣ ба кор қабулшуда ҳисоб меёбад.

 Агар то ба охир расидани муҳлати санҷиш корфармо кормандро ба вазифаи (мансаби) баланд таъйин намояд, корманд аз санҷиш гузашташуда ҳисоб меёбад.

 Агар баъд аз гузаштани муҳлати санҷиш тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи меҳнатӣ изҳор накунанд, амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.

Ҳангоми манфӣ будани натиҷаи кори корманд дар давраи санҷиш корфармо ҳуқуқ дорад на барвақттар аз ҳафт рўзи ба охир расидани давраи санҷиш бо нишон додани сабабҳое, ки барои аз санҷиш нагузаштани корманд асос шудаанд, ўро хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро бо корманд қатъ намояд.

—  Мақсади шартномаи шогирдӣ аз чӣ иборат аст?

Масъалаи мазкур танзими ҳуқуқии худро дар моддаи 29 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл ёфтааст:

  1. Корфармо ҳуқуқ дорад ба шахсоне, ки кор меҷўянд, барои муҳлати дар шартнома муқарраргардида оид ба таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирдӣ бо мақсади омўхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад.
  2. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартнома бо шахсоне, ки омўзишро хатм намудаанд, шартномаи меҳнатӣ баста мешавад.
  3. Музди меҳнат ҳангоми омўзиш тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.
  4. Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад