20 Октябрь, 2021

СУХАНРОНИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН, СОБИҚ РАИСИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ НЕЪМАТЗОДА МАЛИКШО ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ «30-СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 30- СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН.

Ба ифтихори 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” доир гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони ҷавонони фаъоли ниҳодҳои мухталиф иштирок намуданд. Дар чорабинӣ

Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода баромад намуд.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба сухан 

баромада, Иттифоқи ҷавононро бо роҳи 30-солаи тайнамудаи пуршараф табрик намуд. Лозим ба зикр аст, ки Маликшо Неъматзода солиёни мадид сарварии ниҳоди мазкурро ба зимма дошт ва бо камоли кордонию тахассусӣ вазифаи басо масъулиятнокро муваффақона пеш бурда, таҷрибаи бое андухта, онро ба ҷавонон бедареғ меомӯзонад.

         Мавриди рисолати ҷавонон дар шароити кунунӣ сухан ронда, Раиси Федератсия иброз намуд, ки онҳо дар тарҳи таҳавулоти ҷадид дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши бориз доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи мо номидаанд ва ин онҳоро водор менамояд, ки баҳри рушди бемайлони кишвар мунсифона заҳмат намоянд.