27 Ноябрь, 2021

БАҲРИ ҲИМОЯИ МАНФИАТИ ШАҲРВАНДОН

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо бо раисони кумита ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхона, идораву муассисаҳои вилоятӣ баргузор шуд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов аз фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касаба дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва густариш бахшидани кор дар ин самт изҳори андеша кард. Зикр гардид, ки нақши иттифоқҳои касаба дар нигоҳ доштани мувозинат байни корфармо ва корманд, ҳимояи манфиатҳои мардум хело назаррас буда, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо аз роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар зарфи 30 соли истиқлолият, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик ҳарф зад.

-Дар даврае, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва дар замири ҳар тоҷикистонӣ умеди зиндагӣ кардан ба оянда намонд, танҳо Сарвари давлат тавонист бо ҷасорату мардонагӣ ба ин ҳама ноумедиҳо хотима гузорад, миллатро аз парешонӣ наҷот бахшад ва шӯълаи зиндагиро дар дили мардум дубора барафрӯзад. Дар чунин рӯзҳо бисёриҳо бар он буданд, ки ин ҷавонмард наметавонад давлатдорӣ кунад ва ҳатто мегуфтанд, ки рисолаташ баъди чанд рӯз хотима меёбад. Нафароне, ки ғараз доштанд, кӯрдилу нотавонбин буданд. Вале миллати тоҷик дар симои Пешвои муаззами миллат нафареро дид, ки ба вай умед бастан мумкин буд. Зеро аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Сарвари давлат тамоми вуҷудашро барои хизмат ба халқу ватанаш бахшида, тавонист дар муддати кутоҳ як кишвари даргирифта, сӯхтаву валангор ва паҳну парешонро ҷамъ оварад. Корнамоиҳои Пешвои миллатро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст ва бе муҳоббо гуфтан мумкин, ки созандагиву ободкориҳое, ки дар кишвар баъди ҷанги бародаркушӣ рӯи кор омаданд, дар дигар давлатҳои дунё зарфи сад сол анҷом дода шуданд. Яъне миллати тоҷик кори садсоларо дар муддати 30 сол анҷом дод-афзуд Маликшо Неъматзода.

Бо ёдоварӣ аз вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳор кард, ки дар чунин вазъият ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар пушти ҳимояи манфиатҳои

миллии худ истода бошад, ба афкору андешаҳои носолим ҷавобӣ сареҳ диҳад, то ки дубора таърихи талхи солҳои 90-уми асри гузашта ба миллати тоҷик барнагардад.

Дар ҷараёни мулоқот баъзе паҳлуҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ба саҳми ҳозирин расонида шуда, оид ба мушкилиҳои ҷойдошта табодули афкор сурат гирифт.

Барои ҳамкорӣ ва дастгирии фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ифтихорнома супурда шуд.

Инчунин бархе аз фаъолони иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сипосномаҳои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.