27 Ноябрь, 2021

ҶАЛАСАИ ПЛЕНУМИ ДУЮМИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ТОҶИКИСТОН

19.10.2021. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи Пленуми дуюми Иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа асосан масъалаи “Нақши шарикии иҷтимоӣ дар муҳайё намудани шароити меҳнати арзанда дар соҳаҳои комплекси агросаноатии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оиди масъалаи мазкур раиси Кумитаи марказии   ИК  комплекси агросаноатии Тоҷикистон Миралӣ Сафаров  маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки Кумитаи марказии   ИК  комплекси агросаноатии Тоҷикистон дар амалӣ намудани талаботҳои шарикии иҷтимоӣ дар пешбурди раванди истеҳсолот, ҳамчунин ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии аъзои иттифоқҳои касаба саҳми хосса дошта, барои муҳайё намудани шароити меҳнати арзанда ҷаҳду талош намуда, минбаъд низ ҷиҳати бомаром амалӣ гардидани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласаи Пленуми дуюми Иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии Тоҷикистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуд.