27 Ноябрь, 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-ро дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-ро ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи нави таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории ширкати чинии “Синохидро Тоҷикистон” бо харҷи зиёда аз 10 миллион сомонӣ бунёд карда шуда, аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияти мусоиди таълиму тарбия дар шаҳри Бохтар камназир аст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мактаби мазкур барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Диаман-К” ва “Сарҳадсоз” дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 32 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад.

Ҳамаи синфхонаҳои мактаб, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва ҳунаромӯзӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон 3 озмоишгоҳ амал мекунад,  ки истифодаи онҳо дар раванди таълим аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Мактаб ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхона барои 100 нафар, маҷлисгоҳ бо 320 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.

Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар мактаб ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда ба истифода дода шудааст, ки дар мавсими сармо тамоми синфхонаҳо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, ки 2 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футболи хурд, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардида, барои гузаронидани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ майдончаи замонавӣ низ сохта шудааст.