27 Ноябрь, 2021

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ БО ДИРЕКТОРОН, МУДИРОНИ КӮДАКИСТОН, НОЗИРОНИ ШУЪБАИ КАДРҲО ВА РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

Дар Гимназияи рақами 1 — и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки директорони муассисаҳо, мудирони кӯдакистон, нозирони шуъбаи кадр ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Спитамен ҷамъ 100 нафар семинари датурдиҳӣ баргузор гардид. Дар кори он Мӯсобек Мироватов — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Ҳайдаров Даврон — нозири меҳнати Иттифоқи касабаи вилоятӣ, Сайфиддинов Фахридин — нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи вилоятӣ, Шарифов Анӯшервон — мутахассиси Иттифоқи касабаи маорифи вилоятӣ, Назаров Ғолибҷон — раиси Иттифоқи касабаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок доштанд. Мӯсобек Мироватов зимни ифтитоҳи семинар зикр дошт, ки мақсади иттифоқи касаба ин ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба, намояндагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли фаъолият, моликият, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеъияташон мебошад.

Нозири меҳнат ва нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи вилоят дар бораи роҳандозии фармоиши ВМҶТ таҳти №844 аз 24 ноябри соли 2004 “Оиди ташкили ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар системаи ВМҶТ” ва вазъи иҷрои талаботи моддаи 333 КМҶТ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии “Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаҳоии тиббии ҳатмӣ” аз 30.04.2021 №174, иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурд бо дафтарчаҳои меҳнатии кормандон” аз 12.04.1999 №154, “Дар бораи андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадориҳои корманди муваққатан ба кор ҳозирнабуда барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда” аз 27.02.2021 №55, “Тартиби ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” аз 3.05.2006 №197 баромад намуданд.