Темур Раҳимов медали биринҷии мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022»-ро ба даст овард

Темур Раҳимов медали биринҷии мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022»-ро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои «Antalya Grand Slam 2022» медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд. Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шурӯъ карда, бар Григорий Приор аз ШМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз мағлуб гардид. Темур сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.

Leave a Comment

Your email address will not be published.