ОФАРИН! Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалии бокс «GeeBee Boxing Tournament-2022» сазовори медали тилло гардид

ОФАРИН! Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалии бокс «GeeBee Boxing Tournament-2022» сазовори медали тилло гардид

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи 40-уми байналмилалии бокс дар Финландия ба хотираи Гуннар Барлунд, ки бо тахаллуси GeeBee маъруф аст, сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа 7-10 апрел дар шаҳри Хелсинки бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Дар нимфинал ҳарифаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд. Сипас, Баҳодур дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардида, сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқаи «GeeВee Boxing Tournament-2022» аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.