Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Қозии шаҳри Панҷакент фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Қозии шаҳри Панҷакент фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор доданд.

Фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Масрур Савриев бунёд карда шуда, дар он 100 сар чорво парвариш карда мешавад, ки барои истеҳсоли гӯшт пешбинӣ шудааст. Бо таъсиси фермаи мазкур 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз парвариши 3-6-моҳа аллакай чорво барои забҳ омода шуда, гӯшти хушсифат истеҳсол мешавад ва барои таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот бо нархи нисбатан арзон дар бозорҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии фермаи чорвопарварӣ дар як сол то 60 тонна гӯшти хушсифат мебошад. Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси фермаи чорвопарвариро дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ муҳим арзёбӣ карда, ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди иншооти аграрию саноатӣ дар шаҳри Панҷакент изҳори сипос намуданд ва барои боз ҳам рушд додани соҳаи чорводорӣ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Қобили таъкид аст, ки дар фермаи мазкур чорвои калони зоти “сиёҳало”, ки аз Федератсияи Русия ворид гардидааст, нигоҳубин карда мешавад. Ин зоти чорво барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории мутахассисон, давоми шаш моҳи парвариш аз 350 то 400 килограмм вазн мегирад.

Дар баробари нигоҳубини чорвои зоти “сиёҳало” дар ин ферма инчунин парвариши зотҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати фермаи мазкур 0,73 гектар аст ва барои парвариши чорвои гӯштӣ биноҳои алоҳида ва ёрирасон сохта шуда, дар онҳо бо риояи меъёрҳои соҳаи чорвопарварӣ шароит фароҳам гардидааст.

Барои гузарондани корҳои зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ферма парвариши буққаҳои зотӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки ба шароити иқлими маҳал мутобиқ мебошад. Хӯроки дурушту ширадори чорво, аз қабили юнучқа, ҷуворимакка ва дигар намуди зироати хӯроки чорво дар заминҳои назди хоҷагиҳои ҳудуди мавзеи дашти Қозӣ кишту ҷамъоварӣ шуда, захира мегардад.

Зимни суҳбати самимӣ чорвопарварон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди бахши чорвопарварӣ изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки минбаъд низ талош менамоянд, дар афзоиши саршумори чорво ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти аълосифат саҳм гузоранд.

Бо мақсади сабзу хуррам нигоҳ доштани ҳудуди иншоот корҳои ободонӣ анҷом ёфта, ба масофаи 400 метр роҳ то фермаи чорвопарварӣ мумфарш карда шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published.