МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар маҷлисгоҳи Раёсати шуғли аҳолии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки зиёда аз 25 нафар кормандон, мутахассисон, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳаи муассисаҳои давлатӣ семинар – машварати дастурдиҳӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” баргузор гардид.

Кори семинарро раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят Хайруллохон Ҷамолов ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, назорат оиди таъмини шароити бехатарии меҳнат, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо , ташкил ва гузаронидани истироҳати кӯдакон ва наврасон суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар семинар Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати 28 апрел – Рӯзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат қироат карда шуд.

Сипас Бузуруков Иномхӯҷа Атабекович –нозири ҳуқуқи кумита дар бораи ҷараёни риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоӣ, бастани шартномаи коллективӣ ва шартномаи меҳнатӣ, дар бораи нақш ва мавқеи иттифоқҳои касаба дар ҷомеа баромад намуд.

Инчунин дар семинари мазкур нисбати таъсис гардидани Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳи касаба дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, нисбати муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ташкил намудани хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо маълумот дода шуд. Дар охир миёни мутахассисон ва иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, иштирокдорон оид ба масъалаҳои меҳнат, суғуртаи давлатии иҷтимоию нафақа ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.