БАРГУЗОРИИ НАХУСТИН ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА

БАРГУЗОРИИ НАХУСТИН ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА

3-юми майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи Ситоди доимоамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлон дар соҳаи иҷтимоӣ ҷиҳати иҷрои банди 39 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён доштанд, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, забон ва истилоҳот, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Р.Саидзода таъкид намуд, ки 24 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он тамоми паҳлуҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар зимн роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки баҳри бартараф намудани проблемаву мушкилоти мавҷудаи вилоят тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бо ин мақсад, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён доштанд, ба тасвиб расид, ки банди 39 он таъсиси ситоди доимоамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлонро дар соҳаи иҷтимоӣ тақозо менамояд. Дар асоси банди мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сатториён аз 21 апрели соли 2022 ҳайати ситод тасдиқ гардида, аъзои ситод вазифадор шудаанд, ки соҳаи иҷтимоии вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, вобаста ба проблемаву мушкилоти мавҷуда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва баҳри бартараф намудани онҳо тадбирҳо андешиданд.
Дар рафти ҷаласа, инчунин, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, таклифу пешниҳодоти худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи иҷтимоии вилояти Хатлон манзур намуданд.
Ҳамзамон, дар охир қарор қабул гардид, ки ситод моҳе як маротиба ҷаласаи худро доир намуда, аз натиҷаи корҳои басомонрасонида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.