Маҳфили адабиву мусиқӣ таҳти унвони «Шараф аз меҳнат аст»

Маҳфили адабиву мусиқӣ таҳти унвони «Шараф аз меҳнат аст»

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 май ва 90-солагии собиқадори соҳа Почоев Муҳиддин Абдуқудусович маҳфили адабиву мусиқӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ собиқадорони соҳа, фаъолон, кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва дӯстону пайвандони соҳибҷашн иштирок намуданд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Саидумрон Саидов маҳфилро оғоз намуда, сараввал сухани ифтитоҳиро ба раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон дод.

Шарифулло Абдуллозода-раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз дар ин даргоҳ ду ҷашни бузург ба ҳам омадааст, ки бениҳоят рамзӣ ва шодибахш мебошад. Зеро дар Рӯзи меҳнаткашон ҷашн гирифтани зодрӯзи инсони беназир, шахсияти номвар ва заҳматкаши асил Муҳиддин Абдуқудусович ба қавле ид болои идро мемонад. Аз ин рӯ меҳмонони арҷманд, соҳибҷашн ва кулли ҳозиринро ба маҳфил шодбош гуфт.

Сараввал Шарифулло Абдуллозода ҳозиринро бо фаро расидани Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 Май табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаашон комёбиҳо орзу намуд. Мавсуф дар давоми суханаш таъкид намуд, ки ин Иди умумиҷаҳонӣ, ки дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, таҷассумгари олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд. Самараи ваҳдату муттаҳидӣ ва меҳнати содиқонаи пиру барно аст, ки ватанамон дар замони соҳибистиқлолӣ обод гардида, иншооти зиёди таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ қомат афрохт ва ба гӯшаи сабзу хуррами кишвари ҳамешабаҳор табдил ёфт. Сипас қайд гардид, ки воқеан дар солҳои тӯлонии фаъолияти ин ташкилоти бонуфузтарини ҷамъиятӣ барои ташкил ва таъмини болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба шахсони бисёр барӯманд заҳматҳои зиёде кашидаанд, ки аз як ҷониб қадршиносии онҳо вазифаи муҳими мо ба ҳисоб равад, аз ҷониби дигар омӯзиши фаъолияти онҳо ҳамчун ибрат барои насли имрӯз рисолати муҳим маҳсуб меёбад. Яке аз ин гуна шахсон Почоев Муҳиддин Абдуқудусович мебошанд, ки маҳз дар ҳамин рӯзҳо ба синни мубораки 90 солагӣ расидаанд. Хеле рамзист, ки дар доираи ҷашнгирии Рӯзи меҳнаткашон оиди зиндагии сазовору шоиста ва фаъолияти ин

шахси мӯътабар маҳфил доир менамоем, ки он касро машъале дар фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят меноманд.

Ҳамчунин Шарифулло Абдуллозода устоди арҷмандро бо мавлуди муборакаш табрику таҳният гуфта, ба он шахс саломатӣ, умри дарози бардавом, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.

Сипас, Алибоев Зариф Алибоевич, Солиева Зулфия Маҳмудовна-собиқадорони соҳа соҳибҷашнро шодбош гуфта, аз фаъолияти бенуқсонашон ёдовар шуданд.

Ҳамчунин раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бӯстон Содиқов Орифҷон сухан карда, аз номи собиқадорони соҳа, аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба ташкилкунандагони чунин маҳфили хотирмон арзи сипос намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо Рузи меҳнаткашон табрик намуд.

Хамчунин фарзанди соҳибҷашн Почоев Маъруфҷон миннатдории бепоёни худро пеш аз ҳама ба раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд расонид, ки доимо ҳамёру ҳамшарики собиқадорон мебошад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар васфи Ватан, Модар шеърҳои пурмазмун қироат намуданд.

Сарояндагони номӣ Сироҷиддин Худоймерганов ва Носирҷон Раҳимов бо рақсу таронаҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Дар охир ба мухбирони махсуси рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятӣ барои ҳамкориҳои судманд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.