Тоҷикистон: кормандони иттифоқҳои касаба оид ба гузаштан аз шуғли ғайрирасмӣ ба расмӣ омӯзиш мегиранд

Тоҷикистон: кормандони иттифоқҳои касаба оид ба гузаштан аз шуғли ғайрирасмӣ ба расмӣ омӯзиш мегиранд

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) бо мақсади баланд бардоштани салоҳияти кормандони иттифоқҳои касаба барои онҳо оид ба гузариш аз шуғли ғайрирасмӣ ба расмӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии коргарон давраҳои омӯзишӣ ташкил мекунад.

           Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тавассути муколамаи иҷтимоӣ бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи корфармоёни Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок мекунад. Мавзӯҳои баррасишуда аз пешбурди кори шоиста ва адолати иҷтимоӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, бахусус онҳое, ки аз пандемияи COVID-19 сахт осеб дидаанд, иборатанд.

Барои пешбурди бомуваффақияти ислоҳоти ҷорӣ ва тавсеаи ҳифзи иҷтимоии онҳое, ки дар иқтисоди ғайрирасмӣ ва дар муносибатҳои шуғли ноустувор кор мекунанд, ФИКМТ  бояд иқтидори маъмурӣ ва амалиётии худро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ тақвият бахшад. Ташаккули иқтидор ва стратегияи дақиқи ташкили коргарон дар сатҳи миллӣ ва зерминтақавӣ барои пешниҳоди пешниҳодҳои сиёсӣ ва тағйироти қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, мусоидат ба фаъолияти коргарон дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ, мусоидат ба рушди ба амал баровардани принципҳои меҳнати шоиста, дар асоси сетарафа ва дутарафа гуфтушуниди самарабахш ба роҳ монад.

Дар доираи кӯмаки техникии худ дар рушди дарки беҳтари муносибатҳои меҳнатии ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон СБМ тавсияҳоро оид ба пешрафт дар таҳияи стратегияи нав мутобиқи Тавсияи соли 2015 оид ба гузариш аз иқтисоди ғайрирасмӣ ба расмӣ таҳия намуд. Дар натиҷа дар соли 2019 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Барномаи паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор қабул гардид.

Дар доираи лоиҳаи СБМ, ки вокуниши ҳамаҷонибаи бӯҳрони COVID-19 дар самти шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ, коҳиш додани бӯҳрон ва барқарорсозии минбаъдаро тавассути муколамаи иҷтимоиро дар бар мегирад, ФИКМТ бо 100 нафар роҳбарони иттифоқҳои касаба дар чаҳор минтақа – вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ семинарҳо баргузор мекунад.

ФИКМТ рисолати худро дар он мебинад, ки минбаъд ба иттифоқҳои касаба, бахусус дар сатҳи минтақавӣ, барои татбиқи дониш ва малакаҳои бадастомада барои татбиқи сиёсатҳои мувофиқашуда дар шароити мушаххаси маҳаллӣ муҳайё карда шавад.

Тавре муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода қайд кард, “ба шарофати ин машғулиятҳо фаъолони иттифоқҳои касаба метавонанд бартарияти ҷалби корфармоён ва коргаронро ба шарикии иҷтимоӣ, тарзи истифодаи меҳнати миллӣ ва байналмилалӣ, конунгузорӣ барои таъмини ҳуқуқҳо ва манфиатҳои иҷтимоии мехнаткашонро омӯзанд”. Ҳамзамон, гузаронидани силсиламашғулиятҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳа ба ФИКМТ дар таҳияи стратегияи гузариш аз шуғли ғайрирасмӣ ба расмӣ кӯмак менамояд. Дар ҳарду самт кор дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зич бо Бюрои СБМ оид ба фаъолияти меҳнатӣ ба нафъи кормандон сурат мегирад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.