Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бизнес – форуми сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкилу баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ байни Маркази сайёҳӣ ва солимгардонии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Муассисаи сайру сайёҳати Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, ширкатҳои сайёҳии “Санат – Тур”ва “Самарқанд Стар Тур” Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санади мазкур ба рушди равобити шаҳрвандони ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба мақсади солимгардонию сайёҳат ба кишварҳои ҳамдигвр созгор хоҳад буд.