ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ РАҲИМ САИДЗОДА АЗ ШАРОИТИ КОРИ КОРМАНДОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ

ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ РАҲИМ САИДЗОДА АЗ ШАРОИТИ КОРИ КОРМАНДОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз шароити кори кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

Зимни суҳбат бо кормандон Р.Саидзода оид ба татбиқи Созишномаи соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, нақши иттифоқи касаба дар ҳимояи манфиатҳои кормандони соҳа, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Зикр бояд кард, муҳтарам Р.Саидзода аз рӯи нахустини фаъолият ба ҳайси вазири маориф ва илм, шарикии иҷтимоиро бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар сатҳи баланд, бо ҳусни тафоҳум ба роҳ мондааст. Маҳз бо дастури вазир ҷаласаи якҷояи Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон доир гардид.

Ифтихори кормандон, аъзоёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳаст, ки вазири муҳтарам ба кору фаъолияти иттифоқи касаба доим дар ҷараён ҳаст.

Аммо, воқеатро бояд гуфт, ки муҳтарам Р.Саидзода дар доираи шарикии иҷтимоӣ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро вазифагузор намуд, ки мушкилоти соҳаи маорифро бояд расонаӣ кард. Кормандони соҳа бояд донанд, ки воқеан дар соҳаи маориф чунин мушкилот ҳаст ва бояд ин мушкилотро саривақт пайгирӣ намуд. Ҳамзамон, хотиррасон мекунем, ки ин дархости вазир ҳам мебошад.

Мо ба таври расмӣ дубора мушкилотҳои соҳаи маорифро дар доираи шарикии иҷтимоӣ ба унвони вазири маориф ва илм намудем. Баъди як рӯзи ирсоли мактуби мо, вазир гурӯҳи кориро таъсис намуд.

Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм бо иштироки намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба таври фаврӣ пайи ҳалли мушкилот гардид. Пайгирии ҳали саривақтии мушкилоти пешниҳоднамудаи мо, таҳти назоратии қатъии вазири маориф ва илм қарор дорад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ва дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати маориф ва илм, бахусус ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба рушди минбаъдаи маориф, гардиши муҳимеро ба миён овард.

Дар давоми чанд моҳи охири фаъолияти Вазорати маориф ва илм тавассути расонаҳои иттилоотӣ, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо таклифу пешниҳодҳо барои рушди соҳаи маориф ва илм пешниҳод гардидаанд ва ин раванд идома дорад. Хотиррасон мекунем, ки аз рӯзи нахустини корӣ ва мулоқот бо кормандони дастгоҳи Вазорати маориф ва илм вазири маориф ва илм ба мушкилотҳои мавҷудаи соҳаи маорифу илм ва бартарафсозии роҳҳои ҳалли он қадамҳои устувор гузошт.

Боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳлили вазъи омодасозии кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мулоқот бо омӯзгорону фаъолони ноҳияи Кӯшониён, дидорбинии собиқадорони соҳаи маориф, баргузории ҷаласаҳои назоратӣ, қабули шаҳрвандон, назари ҷомеа, махсусан рӯзноманигорон, корбарони саҳифаҳои иҷтимоиро ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф дигаргун намуд.

Иқдоми пешгирифтаи вазир дар самти бозгӯи мушкилот аз ҷониби масъулони соҳаи маорифу илм, ҷомеа ва пешниҳоди ҳисоботи воқеӣ хеле ҷиддӣ ва саривақтист. Муҳим он аст, ки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати маориф ва илм бозгӯи мушкилотро меписанданд ва барои бартарафсозии он ба таври фаврӣ расидагӣ менамоянд. Эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро соҳаи маориф марҳила ба марҳила бартараф хоҳад шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.