Иштирок ва суханронии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии роҳбарони Иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи марказӣ

Иштирок ва суханронии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии роҳбарони Иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи марказӣ

Дар шаҳри Нур – Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси минтақавии роҳбарони иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи марказӣ зери унвони “Устуворӣ ва фаъолнокии сиёсати иттифоқҳои касаба ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои буҳрон” оғоз гардид. Конфронси мазкур таҳти васояти Ташкилоти байналмилалии меҳнат бо иштироки роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҳамзамон  Мария Хелена Андре – Директори Бюрои кор бо меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Сергеюс Гловацкас – мудири шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии ТБМ, Гоча Александрия – мутахассиси калони кор бо меҳнаткашон ТБМ барои Аврупои шарқи ва Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои ҳамузв баргузор мегардад.Дар рафти кори конфронс  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  суханронӣ намуда,  оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар давраи пандемия, нақши шарикии иҷтимоӣ дар андешидани чораҳои бартарафнамоии бемории Совид-19 ва оқибатҳои он, амалҳои оянда дар самти ҳифзи иҷиимоии кормандон маълумот манзур намуд. Тадбирҳои воқеӣ, амал ва нақшаҳои иттифоқҳои касаба дар муносибатҳои меҳнатӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар омилҳои мусоидаткунанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавии иттифоқҳои касаба ва муколамаи иҷтимоӣ мавзӯъҳои калидии барномаи Конференсия маҳсуб меёбад.12.05.22

Leave a Comment

Your email address will not be published.