Мулоқоти корӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Директори Бюрои кор бо меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ILO) – Мария Ҳелена Андре 

Мулоқоти корӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Директори Бюрои кор бо меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ILO) – Мария Ҳелена Андре 

Дар ҳошияи  Конфронси минтақавии роҳбарони Иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи марказӣ, ки рӯзҳои 12-13 майи соли 2022 Дар шаҳри Нур – Султони Ҷумҳурии Қазоқистон зери унвони “Устуворӣ ва фаъолнокии сиёсати иттифоқҳои касаба ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои буҳрон” баргузор гардид, як қатор мулоқоту вохӯриҳои корӣ анҷом дода шуд, аз ҷумла дар мулоқоти Мария Ҳелена  Андре – Директори Бюрои кор бо меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ILO) таҳлили вазъи кунунии қонуннузории меҳнат, мутобиқати қонунгузорӣ оид меҳнат, нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон дар давраи баъди ковид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ташкилоти байналмилаии меҳнат ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро мусбӣ арзёби карда, оид ба тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар самти масъалаҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат изҳори омодагӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат мебошад. 12.05.22

Leave a Comment

Your email address will not be published.