Масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳо байни Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари кории Маликшо Неъматзода ба шаҳри Нур-Султон бо Раиси иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалди Даулеталин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо иҷроиши бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо, ки байни ҳарду Федератсия соли 2015 ба имзо расида буд, қаноатбахш ҳисобида, барои рушду тавсеаи ин ҳамкориҳо таҳия ва ба имзо расонидани нақшаи амали ҳамкориҳои дуҷонибаро саривақтӣ ҳисобиданд.
