ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН 

ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН 

Ҳамватанони азиз, ҳамкасбони гиромиқадр.

Шумо ва дар шахсияти шумо ҳамаи ҷавонони кишварро ба муносибати Рўзи ҷавонон самимона шодбош гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар фаъолияти ояндаатон дастовардхои беназирро хоҳонам.

Ҷавонон дар ҳама давру замон нерўи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон чунин таъкид кардаанд: “Имрўз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рў, имрўз рушди сиёсиву иктисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Фаъолияти меҳнатии мову шумо дар ҳимояи манфиати кормандон ва дастгириву ғамхории ҳамаҷонибаи ҷавонон саҳмгузораст. Бо дигар маъно агар зикр намоем дар ҷаҳони муосир ва зудтағйирёбандаи асри навин

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат фаъолияти худроба талаботи замон мутобиқ сохта, барои дарамал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оидба ҳифзи меҳнат, таъминоти  иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, таълим ватакмили ихтисоси кадрҳои ҷавони иттифоқҳои касаба тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Имрузҳо Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба мутахассисони сохибихтисос, донандаи технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ниёз дорад. Бо мақсади шаффофияти қабул ва ҷобаҷогузории кадрҳо, инчунин, мусоидат барои баландравии мансабии кормандон корбарӣ рафта истодааст ва дар ин амал ҳар яки мо дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаамон гузошташуда, масъулияти баландро ҳис намоем. Ва дар як вақт Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани эҳсоси ватандориву ватандўстӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон пайваста чораҷўӣ менамояд.  

Итминони комил дорам, ки кулли кормандон ва ҷавонони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо дўстиву ҳамкории якдигарӣ барои ободиву гул-гулшукуфии мамлакати азизамон, ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави фаъолияти корӣ дар замони муосир меҳнати шоистаашонро дареғ намедоранд.

Бори дигар ҳамаи шумоёнро бо фаро расидани Рўзи ҷавонон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, осмони софу беғубор, хонаободӣ, пирўзиҳои зиндагӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон бурдбориҳои беназирро таманно менамоям.

Ид муборак!

Leave a Comment

Your email address will not be published.