МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БО ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА

МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БО ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров мулоқот доир намуд.

            Ҳокими вилоят ба Раиси Федератсия оид ба дастовардҳои мардуми вилоят, нақши ташкилоти иттифоқҳои касаба дар пешбурди бемайлони истеҳсолот ва Маликшо Неъматзода роҷеъ ба фаъолияти Ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, бахусус тавсеаи ҳамкориҳо бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон изҳори назар намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон- ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Анварҷон Абдумухторов ширкат варзиданд. Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва нияти вусъати ҳамкориҳои тарафайни судманди оянда баргузор гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.