БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА

БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазъи кунунии ҳамкориҳои Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ду кишвари бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратуллр Рафиқов баррасӣ гардида, иҷрои бандҳои дахлдори Меморандуми ҳамкориҳои дуҷонибаи соли 2021 дар шаҳри Тошкент ба имзо расида, муҳим шуморида шуд.

Ҳамзамон мувофиқа ба даст омад, ки байни шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғди Тоҷикистон ва шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкориҳои минтақавӣ ба роҳ монда шавад.

Ба Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар барои даъват ва барномаи ҷолиби сафари корӣ изҳори минатдорӣ баён намуда, аз Қудратулло Рафиқов даъват ба амал овардам, ки дар фурсати муносиб бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Мулоқот дар фазои бародарӣ ва ҳусни нияти вусъати ҳамкориҳои оянда баргузор гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.