Суханронии  Раиси Федератсия дар ҳамоиши фарҳангӣ  бо иштироки ҳунармандони маъруфи  Тоҷикистону Ӯзбекистон

Суханронии  Раиси Федератсия дар ҳамоиши фарҳангӣ  бо иштироки ҳунармандони маъруфи  Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар ноҳияи Сӯх консерти калон бо иштироки ҳунармандони маъруфи Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Сӯх як чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон, намояндагони адабиёт ва санъат, санъаткорони номдори Ӯзбекистан ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров чорабиниро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ба шарофати таваҷҷуҳ ва ғамхории хосаи Сарвари давлатамон солҳои охир дар ноҳияи Сӯх тағйироту навовариҳои бузург дар тамоми соҳаҳо ба воқеият табдил ёфтааст. Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, изҳор дошт, ки риштаҳои дӯстӣ ва бародарии миллатҳои ӯзбеку тоҷик ба далели иродаи баланди сиёсии ду сарвари давлат ба сатҳи нав расидаанд.

Дар назди сокинони ноҳия Ҷӯрабек Муродов, Озодбек Назарбеков, Ғуломҷон Ёқубов, Ёдгор Саъдиев, Абдуҳошим Исмоилов, Зулайҳо Бойхонова, Мардон Мавлонов, Аслиддин Дӯстов, Милена Мадмусаева, Мӯҳсинбек Мӯъминов, Валиҷон Қодиров, Акмал Содихонов бо сурудҳо дилнишини хеш ба қалби тамошогарон тасхири нотакрор бахшиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.