СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ДИРЕКТОРОН ВА РАИСОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МАОРИФИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ДИРЕКТОРОН ВА РАИСОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МАОРИФИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар шаҳри Конибодом бо директорони муассисаҳои таълимӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ семинари омӯзишӣ ташкил карда шуд. Дар кори он раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Самизода Мӯсобек ва кормандони дастгоҳи иттифоқи касабаи вилоятӣ иштирок намуданд. Зимни оғози семинари мазкур Самизода Мӯсобек зикр дошт, ки мақсади ташкили чунин семинар ин баланд бардоштани савияи дониши раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва огоҳ намунани онҳо бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии навшуда мебошад, ки дар Пленуми иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.

Аз тарафи намояндагони Иттифоқи касабаи вилоятӣ дар мавзӯи роҳандозии фармоиши ВМҶТ таҳти № 844 аз 24 ноябри соли соли 2004 «Оиди ташкили ҳифзи меҳнат ва тхникаи бехатарӣ дар системаи ВМҶТ», вазъи иҷрои талаботи моддаи 333 КМҶТ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии «Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмӣ аз 30.04.2021 №174, иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурд бо дафтарчаҳои меҳнатии кормандон» аз 12.04.199№154, «Дар бораи андозаи илавапулӣ барои якҷоякунии касбҳо(вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои ӯҳдадориҳои корманди муваққатан ба кор ҳозирнабуда барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблащгузоришаванда аз 27.02.2021 №55, «Тартиби ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» маърӯза карда шуд.

Рҳбарияти иттифоқи касаба чанд нафар омӯзгорони фаъолро, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд қадрдонӣ намуд. Кормандони иттифоқи касабаи вилоятӣ пас аз анҷоми семинар бо мақсади ошно шудан ба фаъолияти раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳр дидан намуданд. Зимни боздид ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастурҳои методӣ рсонида шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.