ВАЗЪИ ОМОДАГИИ ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ БЕРУНАЗШАҲРӢ БАРОИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2022

ВАЗЪИ ОМОДАГИИ ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ БЕРУНАЗШАҲРӢ БАРОИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2022

Дар доираи ҳамкориҳои судманд ва созишномаи тарафайн байни шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои И. Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2022, № 211 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2022”, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.05.2022, № 248 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022” ва фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 23.05.2022, № 79/2-2 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022” гурўҳи корӣ таъсис дода, аз вазъи омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Шарора” (н. И. Сомонӣ), “Зимчуруд” (н. Шоҳмансур), “Орзу” (н. Фирдавсӣ) ва “Гулхан” (н. Сино) дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ муайян гардид, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва шуъбаҳои маориф барои ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кўдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ аҳамияти махсус дода, ҷиҳати омодагӣ ва ба анҷом расонидани корҳои таъмиру сохтмонӣ, маводҳои безараргардонӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, таъмин бо мизу курсӣ, катҳои хоб ва ҷиҳозҳои мулоим, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, бозиҳои рўимизӣ, толори китобхонӣ, синфхонаҳои омўзишии забонҳои хориҷӣ ва компютерӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ва вазъи санитарию гигиении ошхонаҳо, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор тадбирҳои судманд андешида шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2022 дар чор истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Шарора” (н. И. Сомонӣ) – 848 нафар, “Зимчуруд” (н. Шоҳмансур) – 1120 нафар, “Орзу” (н. Фирдавсӣ) – 900 нафар ва “Гулхан” (н. Сино) – 924 нафар кўдакону наврасон бо дарназардошти ҳайати омўзгорӣ ва кормандони техникӣ, ки дар маҷмўъ 3792 нафарро ташкил медиҳад, ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.