КӮДАКОНУ  НАВРАСОН БА МАВСИМИ НАВИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА САФАРБАР МЕГАРДАНД

КӮДАКОНУ  НАВРАСОН БА МАВСИМИ НАВИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА САФАРБАР МЕГАРДАНД

18.05.2022. Пагоҳии имрӯз дар назди Кохи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маросими сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баромад намуда, қаблан аҳли ҳозиринро шодбошӣ, ба онҳо истироҳати бофароғат дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ орзу намуд ва афзуд, ки ғамхорӣ   нисбати қишрҳои ниёзманди  аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалаҳои асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
 Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, беҳсозии солимии ҷомеа ба роҳбарӣ гирифта, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №211 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022”-ро мавриди иҷро қарор дода, корҳои омодагиро дар ин самт муваффақона пеш мебарад.
Дар маъракаи имрӯза кӯдакону наврасон аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ш. Шоҳин ва Ҷалолиддин Балхӣ, оилаҳои камбизоат аз корхонаю муассисаҳои давлатӣ соҳаҳои сохтмон, бофандагӣ ва хоҷагиҳои коммуналӣ ба лагери истироҳатии “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода фиристода мешаванд. Дар истироҳатгоҳи мазкур барои қабули онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё шудаанд.

   Қабл аз ҳама корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шудаанд ва ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд.        
    Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида аз ташкилотҳои ҳамузви Федератсия имсол 50  лагери беруназшаҳрӣ ҷиҳати қабули кўдакону наврасонро дар мавсими тобистони соли равон изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла дар ВМКБ 7  лагер,  вилояти Суғд-19, вилояти Хатлон – 7 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 лагер барои қабули кўдакону наврасон омода мебошанд.
Аз маълумоти пешакии ташкилотҳои ҳамузви Федератсия мавсими соли 2022   дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Сағирдашт”-и ноҳияи Дарвоз, “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ, Литсейи касбӣ-техникии “Насими Ғунд”, “Саодат”, “Чашмасорон”-и ноҳияи Шуғнон,  “Гармчашма”-и ноҳияи Ишкошими ВМКБ, «ҶДММ Шоҳин»-и шаҳри Гулистон, “Чароғак”-и шаҳри Гулистон, ”Офтобак”, “Оташак”, ”Гагарин”-и шаҳри Исфара, “Парасту”-и шаҳри Конибодом, МС «Суғд»-и ноҳияи Б. Ғафуров, “Чиларча”-и шаҳри Панҷакент, “Парасту”, “Чашма”,”Эделвейс”-и ноҳияи Шаҳристон “-и вилояти Суғд, “Шарора”-и ноҳияи Мўъминобод, “Офтобак”-и шаҳри Норак, “Шифобахш”-и ноҳияи Вахш, “Насими Фархор”-и ноҳияи Фархор, “Оби шифо”-и ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ФСК “Ширкент”-и Кумитаи иттифоқи касабаи ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”-и КМ иттифоқи касабаи “Тоҷикметалл”, “Файзи истиқлол”-и кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон, “Лира”-и кормандони фарҳанг, “Обшорон”-и комплекси агросаноатӣ, “Барқчиён”-и кормандони энергектика, истироҳатгоҳи “Истиқлол”-и кормандони соҳаи алоқа, «Чангоб»-и МИҲД шаҳри Ҳисор  ва дигар мавзеҳои истироҳатӣ (истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, меҳнатӣ-истироҳатӣ, фароғатӣ-таълимӣ, истироҳатгоҳҳои наздиинтернатӣ) кўдакону наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.