МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҲАМРАЪЙӢ»

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҲАМРАЪЙӢ»

16.06.2022. Дар маҷлисгоҳи Кохи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Ҳамраъйӣ» багузор гардид. Дар кори ҷамъомад ҳамаи аъзои ҳизби мутааллиқи ташкилот, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар  ҷамъомад фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии «Ҳамраъйӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.​Раиси ташкилот Маликшо Неъматзода «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Ҳамраъйӣ» дар давоми як сол ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда» бо маърӯза баромад намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ташкилот фаъолияти худро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб, инчунин Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ мондааст.​Ташкилоти ибтдидоии «Ҳамраъйӣ» фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамоҳанг сохта, ҷиҳати пуштибонӣ аз манфиат ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон, таҳкими ботадриҷи шарикии иҷтимоӣ ба хотири пешрафти муттасили ҷомеа ва вусъати бемайлони ҳаракати иттифоқҳои касаба саъю талош менамояд.- Имрӯзҳо, – афзуд Маликшо Неъматзода, – иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Иттифоқҳои касаба рисолати таърихии хешро иҷро намуда, ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ӯ таварҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.Вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор шуд, саҳифаи наверо барои кормандони Иттифоқҳои касаба боз кард. Зеро дар таърихи иттифоқҳои касабаи кишварамон мулоқоти бевоситаи Роҳбари Олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бори аввал баргузор шуд. Аз он вохӯрии таърихӣ, ки дар хотири ҳар нафар аъзои иттифоқи касаба нақш бастааст марҳилаи нави рушди ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ оғоз гардид.Сипас аъзои ташкилоти ибтидоӣ раис, муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» ва вакили Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансурро интихоб намуданд.Дар фарҷоми ҷамъомад аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ бо сипосномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.