КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ДӮСТДОРИИ ВАТАН-МАСЪУЛИЯТ АСТ» БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ДӮСТДОРИИ ВАТАН-МАСЪУЛИЯТ АСТ» БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар  маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Дӯстдории Ватан-масъулият аст» ба истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор карда шуд. Конференсия бо суханони ифтитоҳии М.Ширинзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон доир гашта, вобаста ба шинохт, огоҳии воқеӣ ва ростин, ки як зарурати фитрӣ ва зотии инсон аст чанд андешаҳои муҳим баёнд гардид. Сипас И.Шарипов – мудири шуъбаи молия вобаста ба нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд суханронӣ намуда, аз донишманди эронӣ Абдулкарими Суруш иқтибоси хубе низ оварданд, ки чунин буд: “…Он ки бехабартар аст, нобашартар аст ва ҳар кӣ пурдонтар аст, пурҷонтар аст. Пас ҳар кӣ озодтар аст, огоҳтар, инсонтар ва ободтар аст”.

Бояд қайд намуд, ки дар анҷоми конференсия ба раисони ташкилотҳои ҳудудӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят супориш дода шуд, ки ҷиҳати қадрдонии аъзоёни фаъоли соҳа бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то баргузории ҷашни мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд. Манбаъ: сомонаи расмии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон

Leave a Comment

Your email address will not be published.