Раиси Кумитаи  иттифоқи  касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Раҷабов: “Мизи мудаввар дар фазои якдигарфаҳмӣ  сурат гирифт”

Раиси Кумитаи  иттифоқи  касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Раҷабов: “Мизи мудаввар дар фазои якдигарфаҳмӣ  сурат гирифт”

Санаи 9 июни соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони узви  Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноати маҳаллӣ ва хизматҳои маишӣ (МОП)  мизи мудаввар  тариқи маҷозӣ  баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар Раиси Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ,  саноати маҳаллӣ ва хизматҳои маишӣ (МОП) Василевский Александр Дмитревич, котиби  генералии ташкилоти  мазкур Вартанян Яков Погосович, роҳбарони ташкилотҳои иттифоқи касабаи соҳавии ҷумҳуриҳои Беларус, Молдова, Армения, Қазоқистон,  Қирғизистон ва Раиси Кумитаи  иттифоқи  касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов Умедҷон Саидшоҳович  иштирок  намуданд.

Дар рўзномаи мизи мудаввар масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1.Оид ба вазъи иқтисодӣ – иҷтимоии корхонаю ташкилот ва муассисаҳои иттифоқи касабаи соҳавии Давлатҳои мустақил дар шароити имрўзаи ҷаҳони муосир;

2. Пешбари намудани вакилон аз  Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноати маҳаллӣ ва хизматҳои маишӣ (МОП)  ба Анҷумани  IX Конфедератсияи байналхалқии  иттифоқҳои   касаба (ВКП).

Бо сухани ифтитоҳи ҷаласаро Раиси Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноати маҳаллӣ ва хизматҳои маишӣ (МОП) Василевский Александр Дмитревич кушода, иштирокчиёни мизи мудавварро шодбош намуда, суханро ба котиби генералӣ Вартанян Яков Погосович дод.

Вартанян Я.П оид ба вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии корхонаю ташкилот ва муассиаҳои иттифоқи касабаи соҳавии Давлатҳои мустақил дар шароити имрўзаи ҷаҳони муосир ахборот дод. Сипас намояндагон аз ташкилотҳои иттифоқи касабаи соҳавии ҷумҳуриҳои Беларус, Молдова, Армения, Қазоқистон,  Қирғизистон ва Раиси Кумитаи  иттифоқи  касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов Умедҷон Саидшоҳович оид  ба масъалаи мазкур баромад намуданд. Аз тарафи роҳбарияти Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноати маҳаллӣ ва хизматҳои маишӣ (МОП) ахбороти Раиси Кумита Раҷабов Умедҷон Саидшоҳович, оид ба вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии корхонаю ташкилот ва муассиаҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ дар шароити имрўзаи ҷаҳони муосир  мусбӣ   пазируфта   шуд,  Инчунин вакилон ба Анҷумани  IX Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касаба  (ВКП),  пешбарӣ карда шуданд. Мизи мудаввар дар фазои якдигарфаҳмию  дўстӣ  кори худро  ба анҷом расонид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.