ВОБАСТА БА МУТОЛИАИ УМУМИИ ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ МО НИЗ БЕТАРАФ НАБОЯД БОШЕМ!

ВОБАСТА БА МУТОЛИАИ УМУМИИ ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ МО НИЗ БЕТАРАФ НАБОЯД БОШЕМ!

Санаи 14.06.2022 зимни баргузории силсилачорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон вобаста ба мутолиаи умумии шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров низ чорабинӣ доир карда шуд. Чорабинии навбатӣ бо суханони ифтитоҳии таърихшинос, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон – Ризозода Абдурозиқ оғоз гардида, чанд паҳлуи муҳиме аз таълифи китоби мазкур ва зарурияти будани он дар хонаводаи ҳар як фарди тоҷик андешаронӣ намуд. Сипас, Маҳмадкарим Шарипов – омӯзгори фанни таърих, раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ атрофи масъалаи мазур суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки мо низ бояд дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, ки тамоми мардуми тоҷикро ба «Тоҷикон»-хонӣ даъват намудааст, ҳиссагузор бошем. Зеро, донистани таърих ин дарки хештаншиносӣ аст.

Бояд қайд намуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур дар Раёсати ғайринавбатии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон қарор №4/4, аз 14.06.22 қабул гардид, тибқи он тамоми раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи соҳа муаззаф гардиданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабинии мазкур аз ҷониби корфармоён назорати ҷамъиятӣ бурда шавад.

Манбаъ: сомонаи расмии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон http://ikm-khatlon.tj

Leave a Comment

Your email address will not be published.