МАРОСИМИ ҚАБУЛИ КӮДАКОНУ  НАВРАСОН ДАРЛАГЕРИ ИСТИРОҲАТИИ “ШИРКЕНТ”

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ КӮДАКОНУ  НАВРАСОН ДАРЛАГЕРИ ИСТИРОҲАТИИ “ШИРКЕНТ”

21.06.2022. Дирӯз дар лагери истироҳатии “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи басти якуми қабули кӯдакон ва наврасон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли ҳунар ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.Дар басти якуми истироҳатгоҳи тобистонаи  мазкур беш аз 300 нафар кӯдакон ва наврасон аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Ёвон ва Ҷалолиддин Балхӣ, оилаҳои камбизоат аз корхонаю муассисаҳои давлатӣ, соҳаҳои сохтмон, бофандагӣ ва хоҷагиҳои коммуналӣ ба солимгардонию истироҳати бофароғат ҷалб карда шуданд ва зикр бояд намуд, ки дар лагери истироҳатӣ барои мактаббачагон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар маросими ифтитоҳ баромад намуда, қаблан аҳли ҳозиринро шодбошӣ, ба онҳо истироҳати бофароғат дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ орзу намуд ва афзуд, ки ғамхорӣ   нисбати кӯдакон ва наврасон аз авлавиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин матлаб дар оянда низ беш аз пеш тавсеа меёбад.​Дар назди ҳозирин ҳунармадон ва ҳаваскорон аз маркази ҷумҳурӣ ва шаҳри Турсунзода бо барномаи консертии рангину дилошуб баромад карданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.