СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА  ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН

СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА  ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН

21.06.2021. Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллӣбо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар доираи татбиқи нақша – чорабиниҳои Ҳаракат, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Мавқеи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷик ” баргузор гардид.

​Дар кори он роҳбарону намояндагон аз як қатор вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимону адибон, аъзои фаъоли Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва васоити ахбори умум иштирок намуданд.

​Дар ҷамъомад аз ҷумла зикр гардид, ки арзишу муқаддасоти миллӣ ва роҳҳои таҳкими он, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба онҳоро рисолат ва вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Имрӯз миллати тоҷикро бо забон, фарҳанг, тамаддуни воло, таърихи пурғановат, рамзҳои давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва дигар унсурҳои муҳим эътироф мекунанд, мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. 

​Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаимустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба сухан баромада, аз ҷумла зикр намуд, ки боиси шукргузорист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳоло дар фазои осоишта, ваҳдати миллии ногусаста ва истиқлолияти комил, ки таъмингари он бешубҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, кору зиндагӣмекунад. Маҳз бо раҳнамоии хирадмандонаи Президенти мамлакат мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимою  фарҳангӣ бурдборона таҳаммул шуда, дар низоми  давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва дар азму талошҳои созандагию бунёдкорӣ ба пирўзиҳои чашмгире ноил гаштем.

         – Вале дар баробари ин мебояд зикр кард, ки – афзуд Раиси Федератсия, – мо набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем. Рӯйдодҳои охири моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон, ки доираҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ мехостанд вазъияти амниятии вилоятро номуътадил ва мардумро сарсону овора созанд, маҳз  туфайли дарки воқеӣ ва дастгирии аҳли ҷомеа сари вақт ҷилавгир карда шуд. Воқеаву ҳодисаҳои замони муосир, равандҳои геоиқтисодиву геопалитикӣ, сиёсатбозиҳои абарқудратҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ аз таҳдидҳои ҷиддие ба ҳисоб мераванд, ки имрӯз ҳар як кишвари мустақил аз онҳо хавф мебарад. Аз ин рӯ чунин шакл гирифтани авзои ҷаҳон моро водор мекунад, ки ба масъалаи дарёфти роҳҳои муассири мубориза бо таҳдиду хатарҳо саъйу талош намуда, сулҳу ваҳдати комилро дар Тоҷикистони азизамон пойдор намоем.

Leave a Comment

Your email address will not be published.