ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ НОМИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ДОНИШҶӮЁН

ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ НОМИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ДОНИШҶӮЁН

Дирўз дар толори хурди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими супоридани стипендияи номии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид. Аз тарафи роҳбарияти иттифоқи касаба ба 12 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи Иттифоқи касаба тақдим гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ба 21 нафар донишҷӯёни фаъол, ки бо иттифоқи касаба ҳамкории хуб доранд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолияти назаррас доранд барои гирифтани стипендия пешниҳод мегарданд. Дар асоси хулосаи комиссия, ки аз тарафи мутахассисони Иттифоқи касабаи вилоят ташкил гардидааст, ҳуҷҷатҳои донишҷӯён санҷида шуда, ба он хулоса пешниҳод мегардад. Дар сурати гузаштан аз озмун донишҷӯён метавонанд давоми сол стипендияи худро аз Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дастрас намоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.