Маърӯзаи Маликшо Неъматзода дар Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “25 соли ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо”

Маърӯзаи Маликшо Неъматзода дар Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “25 соли ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо”

22.06.2022. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “25 соли ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, олимону коршиносони ватанӣ ва васоити ахбори умум иштирок намуданд.

Конфронси мазкур ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардида, ҳадафи он аз арзёбии дастоардҳои кишвар дар зарфи 25 соли суботу оромӣ дар мамлакат ва дурнамои таҳкими сулҳу амният дар Тоҷикистон иборат мебошад. 

Масъалаҳои арзёбии сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат, дастовардҳои муҳими давлат пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, зарурати ҳифзи ваҳдати миллӣ дар партави воқеиятҳои нави геополитикӣ, таҳдиди хатарҳои дохилӣ ва берунӣ ба ваҳдат ва суботи мамлакат ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар конфронс Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавзӯи “Ваҳдати мо ҷавшани истиқлоли мост” баромад намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ба шарофати ба имзо расидани созишномаи такдирсоз, яъне созишномаи Ваҳдати миллӣ мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Бо гуфти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “… Ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад”.

Leave a Comment

Your email address will not be published.