МУЛОҚОТИ КОРӢ  ДАР ФЕДЕРАТСИЯ

МУЛОҚОТИ КОРӢ  ДАР ФЕДЕРАТСИЯ

23.06.2022. Имрӯз дар Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мулоқоти корӣ бо Раиси Кумитаи  Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Федератсияи Россия Домников Анатолий  ва раиси Шӯрои Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ханапияев Фарҳод, ки бо даъвати Рвиси Кумитаи ҷумҳуриявии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон ба кишварамон ташриф овардаанд, баргузор гардид. Дар ҷараёни  вохӯрӣ тарафҳо ҷиҳати вусъати ҳамкориҳои бисёрҷониба дар тарҳи мубодилаи таҷрибаи корӣ, муносибатҳои дустӣ, беҳтар намудани корҳои иттилоотӣ, ҳифзи иҷтимоӣ – иктисодӣ, ҳуқуқӣ ва муҳофизати меҳнати кормандони тандурустӣ дар замони муосир ибрози назар намуданд. Дар назар аст, ки дар давоми сафари хизматӣ меҳмонон ҳамчунин бо фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вохурӣ гузаронанд, аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе: маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Маркази миллии транспланталогия Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Маркази саломатии №10 шаҳри Душанбе боздид намуда, бо фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи тандурустии кишварамон мубодилаи таҷриба намоянд.Инчунин, дар давоми сафари хизматӣ бастани шартномаҳои дутарафа байни Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо Иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published.