ҶАМЪБАСТИ БАСТИ ЯКУМИ ИСТИРОҲАТГОҲИ «МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СУҒД»

ҶАМЪБАСТИ БАСТИ ЯКУМИ ИСТИРОҲАТГОҲИ «МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СУҒД»

Маросими пӯшидашавии басти якуми истироҳатгоҳи «Маркази солимгардонии Суғд» ботантана қайд гардид. Дар он, роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, намояндагони Раёсати маорифи вилоят, падарону модарони истироҳаткунандагон иштирок намуданд.

Сараввал Самизода Мусобек Самӣ – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, кулли истироҳаткунандагонро ба муносибати пӯшидашавии басти якуми истироҳатгоҳи “Маркази солимгардонии Суғд” муборакбод намуда, зикр дошт, ки кӯдакону наврасон зери таваҷҷӯҳу ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Сипас Бахтиёр Сарҳадов – самутахасси Раёсати маорифи вилояти Суғд дар баромадаш қайд намуд, ки имрузҳо бо дастгирии бевосита ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баробари фароҳам овардани шароити таълиму тарбия ҷиҳати истироҳату фароғати кӯдакону наврасон эътибори зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Чорабинии фарҳангию фароғатӣ , ки аз тарафи истироҳаткунандагон ташкил гардида буд, пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба 22 нафар кудакон аз мактаб интернатҳои шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.