ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯ

06.07.2022. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кохи иттифоқҳои касаба  ҷаласаи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои генералӣ, кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия, ҳамчунин намояндагон аз  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа асосан масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм,  таҷлили иди касбӣ, 24-уми октябр – Рӯзи иттифоқҳои касаба, тасдиқи нақшаи кории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Оид ба масъалаи якум – ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил  Файзизода ҳисобот дод. 

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода атрофи масъалаҳои дахлдори фаъолияти Федератсия сухан ронда, чанде аз пешравиҳоро қайд намуд ва дар баробари ин ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода дастурҳои судманд дод.Раиси Федератсия ҳамчунин иброз дошт, ки ташкилоти Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад ва рисолати он қабл аз ҳама  муттаҳид сохтани аҳли ҷомеаи меҳнатӣ,  ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон иборат мебошад.Оид ба таҷлили иди касбӣ сухан ронда, Маликшо Неъматзода афзуд, ки вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 саҳифаи наверо барои кормандони Иттифоқҳои касаба боз кард. Зеро дар таърихи иттифоқҳои касабаи кишварамон мулоқоти бевоситаи Роҳбари Олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бори аввал баргузор шуд.Аз он вохӯрии таърихӣ, ки дар хотири ҳар нафар аъзои иттифоқи касаба нақш бастааст, марҳилаи нави рушди ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ оғоз гардид. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешниҳод ба амал овард, ки маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ, 24 октябр – Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда шавад.

Хушбахтона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 29 декабри соли 2021, №1819  ба тасвиб расид ва тибқи он 24 октябр – Рӯзи иттифоқҳои касаба дониста шуд.Дар ҷаласа ҳамчунин амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №211 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022” ва татбиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 мавриди барррасӣ қарор дода шуданд.Ҷаласаи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома  қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.