ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШЎРО БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШЎРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар ҷаласаи Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, ки санаи 19.07.2022. баргузор гардид, масъалаҳои оид ба натиҷаи фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли соли 2016, №1339, оиди фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатари дар ташкилотҳои ҳамузв, дар бораи таҷлили иди касбӣ “Рўзи иттифоқҳои касаба-24 октябр” баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда муовини раиси Шўро Оқилов Т.Д., роҳбари дастгоҳи раиси Шўро Аббосова М.Ҳ, мудири шуъбаи ҳуқуқи Шўро Бузуруков И.А. ва дигарҳо баромад намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.