Ҷаласаи Раёсати сайёри кумита

Ҷаласаи Раёсати сайёри кумита

Тибқи Нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят санаҳои 21 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии мактаби иловагии шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати сайёри кумита баргузор гардид, ки дар он як масъала: “дар бораи фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят” мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

Хайруллохон Ҷамолов-раиси Кумита суханро ифтитоҳ намуда дар бораи фаъолияти меҳнатии нимсола маълумот дод.

Мавсуф қайд намуд, ки кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2022 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Кумитаи ҷумҳуриявӣ, қарорҳои Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корӣ ва дигар қарору санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал намуда, баҳри иҷрои вазифаҳои оинномавӣ ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнии аҳли меҳнат, корҳои муайянро анҷом доданд.

Пеш аз ҳама Паёми навбатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва раҳнамунсози миллат дар ҷаласаи раёсати Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳое, ки аз он бармеоянд қарорҳои дахлдор қабул намуда нақша-чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд.

Ҳамчунин қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 оиди эҳёи ташкилотҳои нави ибтидоии иттифоқи касаба бо баҳисобгирии рўйхати омории корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо мувофиқи шаҳру ноҳияҳо аз рўи соҳаҳо кор бурда, 5 ташкилоти ибтидоӣ бо ҷалби 21 нафар аъзо шомил гардиданд.

Дар охир қайд намуд, ки нимсолаи дуюмро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намоем.

Leave a Comment

Your email address will not be published.