Сафари гуруҳи кории ҳайати меҳмонон аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Сафари гуруҳи кории ҳайати меҳмонон аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Дар доираи иҷрои созишномаи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон санаи 22 июли соли 2022 ҳайати меҳмонон аз вилояти Тошкент ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Худи ҳамин рўз дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мизи мудаввар бо иштироки раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент Носиров Муродҷон Лазизович, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикстон Файзизода Исмоил Нарзӣ доир гашт.

Дар оғоз раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон меҳмононро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки боиси хушнудӣ ва сарбаландии мост, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷрибаи иттифоқҳои касаба, ки дар изҳороти муштараки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дўстӣ ва накўҳамсоягӣ баён гардида буд, Созишномаи дуҷониба байни Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент ва Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои солҳои 2019-2020 баста шуд.

Дар асоси ин ҳуҷҷатҳои имзогардидаи тарафҳо рафту омади намояндагони тамоми соҳаҳои иттифоқҳои касабаро баҳри омўзиш ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ба роҳ монданд ва то имрӯз мо ба якчанд натиҷаҳои шоиста ноил гардидем. Имрӯза сафари меҳмонони олиқадр дар

асоси ҳуҷҷатҳои имзогардидаи тарафҳо рафту омади намояндагони тамоми соҳаҳои иттифоқҳои касабаро баҳри омўзиш ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ба роҳ монданд ва то имрӯз мо ба якчанд натиҷаҳои шоиста ноил гардидем. Имрӯза сафари меҳмонони олиқадр дар асоси аҳднома сурат гирифта истодааст, ки он идомаи неке барои ҳамкориҳои бобаракати ду ҷониб хоҳад буд.

Ҳамчунин маавсуф қайд кард, ки мо ҳамешагӣ бар он мекӯшем, ки бо ҳампешаҳои хеш дидору гуфтугў намуда, таҷрибаи ҳамдигарро аз худ намуда дар амалия мавриди истифода қарор диҳем.

Муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам Файзизода Исмоил Нарзӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Анвар Яъқубӣ низ баромад намуданд.

Носиров Муродҷон – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент ба сухан баромада миннатдории бепоёни худро изҳор намуд.

Дар охир Созишномаи ҳамкорӣ байни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент ва Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 ба имзо расид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.