Мулоқоти кории Маликшо Неъматзода  бо раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи саноати металлургӣ ва мошинсозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мулоқоти кории Маликшо Неъматзода  бо раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи саноати металлургӣ ва мошинсозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дирӯз дар кохи иттифоқҳои касаба раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи саноати металлургӣ ва мошинсозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аҳмаджон Хакулов, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи иттифоқҳои касабаи соҳавии байни ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Изҳор карда шуд, ки раванди ин гуна ҳамкориҳои тарафайни судманд дар оянда низ ботадриҷ таҳким меёбад.

 Дар мулоқот раиси Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи “Тоҷикметалл” Абдулло Холиқов иштирок намуд.

Мавриди зикр аст, ки расонаӣ гаштани Изҳороти муштараки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими  дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ, ба роҳ мондани  ҳамкории дуҷониба, рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷрибаи иттифоқҳои касаба аз 9 марти соли 2018 ба такмилу таҳкими муносибатҳои нави судманди ҳамкорӣ неруи тозае эҳдо намуд.

            Дар ин тарҳ, аз ҷумла охири моҳи сентябри соли 2021 Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон  оид ба ҳамкорӣ миёни иттифоқҳои касабаи ҳарду давлат Ёддошти тафоҳуми давравӣ ба тасвиб расониданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.