Ҳайати меҳмонон аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳайати меҳмонон аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дирўз ҳайати меҳмонон аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор доранд, ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ректори донишгоҳ Шарифзода Мўъмин Машокир меҳмононро хайрамақдам намуда, бо фаъолияти факултаи муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) меҳмононро шинос намуд. Инчунин аз толори варзишии донишгоҳ, аз дастовардҳои донишгоҳ дидан намуданд.

Сипас дар Бинои “Кохи матбуот” мулоқоти ҳайати меҳмонон бо кормандон, адибон ва ҳайати эҷодии рўзномаи “Суғд ҳақиқати” баргузор гардид. Дар мулоқот сармуҳарири рўзномаи “Суғд ҳақиқати” Фарҳод Ҷўраев меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз фаъолияти рўзномаи мазкур маълумот дод. Сипас дигар кормандони эҷодию адибон баромад намуда, бо эҷодиёти худ меҳмононро ошно намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.