Маълумотнома

<strong>Маълумотнома</strong>

оид ба фаъолияти Иттифоқҳои  касабаи Тоҷикистон дар  нимсолаи якуми соли 2022  ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, Қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи генералиро ба асос гирифта, баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни Иттифоқҳои касабаи кишвар фаъолият мебаранд.

Фаъолияти шарикии иҷтимоӣ

Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35  -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тамоми саъю кушиши худро баҳри рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ-иқтисодии кормандон, иҷрои барномаҳои шарикони иҷтимоӣ ва Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар самти пойдор гаштани меҳнати арзанда ва паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва нақшаҳои қабулшуда равона намудаанд.

         Мутобиқи маълумоти манзурнамудаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳолати 1 июни соли 2022 дар ҷумҳурӣ 340.233 адад субъектони хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 31.366 адад корхонаҳо,муассисаҳо, ташкилотҳо, 169.506 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 102.542 адад тариқи патент ва 36.819 адад корхона тариқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд. Ҳамин тариқ, аз 31.366 корхона ва муассисаи фаъолияткунанда 19.375 корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои деҳқоние, ки ҳуқуқи бастани шартномаҳои коллективиро доранд, 16.952 шартномаҳои коллективӣ ба қайд гирифта шуданд, ки 87,7% -ро ташкил дод.

 Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии аъзоёни Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба ҳолати 30 июни соли 2022, 909.954 нафарро ташкил дода, теъдоди ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба 16.340 адад буда, аз ҷониби ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ 79 адад созишномаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ, 229 адад созишномаҳои минтақавӣ, 15.986 шартномаҳои коллективӣ дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият баста шудаанд, ки 98,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар боқимонда 404 ташкилот шартномаҳои коллективӣ баста нашудаанд (2,0%).

Дар  давраи ҳисоботӣ 2 ҷаласаи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо баррасии 13 масъала, 1 ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо баррасии 5 масъала баргузор гардид. Масъалаҳои баррасишаванда доир ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодию иҷтимоии кормандон, ҳифз ва бехатарии меҳнат, риояи талаботҳои Кодекси меҳнат, иҷроиши бандҳои Созишномаи генералӣ барои солҳои 2021-2023, сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои бандҳои барномаҳои рушди бозори меҳнат, меҳнати арзанда ва паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ва дигарҳо ба ҳисоб мераванд.

        Дар ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-январи соли 2017, №34 истифодабарии  маблағҳои чорабиниҳои муолиҷаи санаторию курортӣ, ташкили фароғати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хўроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тандурустию пешгирикунанда, харидории маводи доруворӣ ба кормандони корхонаҳо ба роҳ монда шуд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2022 аз ҷониби Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он дар самти солимгардонии кормандон корҳои лозима карда шуданд, аз ҷумла дар ташкилотҳои ҳамузв КИК муассисаҳои давлатӣ: аз  ҳисоби маблағҳои ҷудошудаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (1,5 %) 261 роҳхат бо маблағи 539245 (панҷсаду сию нуҳ ҳазору дусаду чилу панҷ) сомонӣ дастрас шудааст, аз ин ҳисоб:

-дастгоҳи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа –  130 роҳхат ба маблағи  297475 ( дусаду наваду ҳафт ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ,

-кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи  соҳавии вилояти ВМКБ  – 7 роҳхат ба маблағи 11470  ( ёздаҳ ҳазору чорсаду ҳафтод) сомонӣ,

– кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи  соҳавии вилояти  Суғд – 44 роҳхат ба маблағи 57500 (панҷову ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ,

– кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи  соҳавии вилояти  Хатлон -80

        Тандурустӣ: Дар давраи ҳисоботӣ 816 роҳхат ба маблағи як миллиону 328 ҳазору 336 сомонӣ харидорӣ намуда ба  таври имтиёз  ба аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ, ниёзмандони соҳа ва кормандоне, ки бемориии Ковидро аз сар гузаронидаанд, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷудо карда шуданд.

Нақлиёт:Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 11 нафар аъзоёни иттифоқи касаба роҳхатҳои осоишгоҳҳо ба маблағи 19512 сомонӣ ҷудо гардидааст. Иловатан 15 нафар аъзоёни иттифоқи касаба бо роҳхатҳои кумитаҳои минтақавӣ ба солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.

Фарҳанг: Дар ин давра ба 51 нафар аъзои иттифоқи касаба роҳхатҳои табобатӣ ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла, Хоҷа оби Гарм, Зумрад, Баҳористон ва Шоҳамбарӣ дода шуд. Маблағи роҳхатҳои додашуда 68050 сомониро ташкил дод.

Роҳи оҳанчиён: 7 роҳхат ба фароғатгоҳи “Роҳиоҳанчиён” бо маблағҳои Корфармо ба маблағи умумии 182 050 сомонӣ, таъмин карда шудаанд. Аз руи маълумотҳои пешакӣ: 1146 роҳхат   ба маблағи умумии 1 млн.137.193 сомонӣ харидорӣ ва дастрас гардид.

        Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кўмак ба ниёзмандон аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мавриди таваҷҷўҳ ва иҷро қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ташкилотҳои ҳамузви Федератсия ба гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Аз ҷумла, дар ташкилотҳои ҳамузви Федератсия соҳаҳои:

 1. Роҳи оҳан: ба 42 нафар ба маблағи 5610  сомонӣ

2. Тоҷикметалл: ба 1846  420 ҳазору 362 сомонӣ

3. Тандурустӣ:     50 ҳазор  сомонӣ  

4. Давлатӣ; барои  99  нафар 15024 сомонӣ

– дастгоҳи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳавӣ  ба 7 нафар – 1524 сомонӣ, 

– кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи соҳавии ВМКБ  ба 12 нафар – 2900   сомонӣ,

-кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи соҳавии вилояти Хатлон  ба 8 нафар  – 2000  сомонӣ,

-кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи  соҳавии вилояти Суғд ба 72 нафар  – 8600  сомонӣ.

5. Фарҳанг– 10200 сомонӣ кумакҳои моддӣ ва ба маблағи 5400 сомонӣ мукофотпулиҳо ба фаъолон

6. Нақлиёт дар ин давра барои гуру чўби фавтидаи иттифоқи касабаи соҳа 1100 сомонӣ, барои кўмаки яквақтаина 1200сомонӣ ҷудо гардидааст.

7. Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон-ба маблағи 1800 сомонӣ 

8. Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд-ба 334 нафар ба маблағи 45550 сомонӣ, ҳамагӣба2321 нафар кўмакпулӣ ба маблағи 556.246 сомонӣ расонида шуд.

Аз ҷумла ташкилотҳои ҳамузви Федератсия дар арафаи иди Рамазон ба ятимон, шахсони муҳтоҷу бепарастор, хонаи ятимон кўмакҳои зайл расониданд:

-Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд маводҳои хўрока ба маблағи 400 сомонӣ ва ба 2 оилаи камбизоат ба маблағи 400 сомонӣ маводҳои хўрока дастрас намуд. Инчунин аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои фитри рўза аз ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва кумитаҳои соҳавии вилоятӣ, ҷамъ ба маблағи 89.000 сомонӣ кўмакҳои молиявӣ ва маводҳои хўрока дастрас карда шуд. 

 -Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кумитаҳои соҳавии вилоят ба маблағи 68.880 сомонӣ ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон ва бепарасторон маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз, сабзӣ ва кўмакҳои пулӣ расониданд.

  -Шўрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба ду нафар ятими кулл, ки ба Шўро вобаст карда шуда буданд, кўмак ба андозаи 300 сомонӣ расонид.

-Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар арафаи иди Рамазон ба кормандони камбизоати соҳа беморон ва нафақахўрон аз маблағҳои иттифоқи касаба дар ҳаҷми 30.000 сомонӣ кўмаки яквақтаина тариқи маводҳои хўрока расонид.

-Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан, металлургия ва геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») ба 364 нафар ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон шахсони ниёзманд ва аз оилаҳои камбизоат    124017,1  сомонӣ садақаи фитр харҷ кардааст.

-Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ба оилаҳои фарзандони маъюбдошта аз буҷаи кумита ба маблағи 6.200 сомонӣ маводи  ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, ба 60 нафар кормандони камбизоати соҳа кўмак расонид.

-Кумитаи иттифоқи касабаи энергетикаи Тоҷикистон  дар арафаи Иди саиди Фитр ба мактаб-интернати ҷуҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор, ки 307 нафар хонанда ва мактаб интернати ҷумҳуриявии кўдакони нобинои шаҳри  Ҳисор, ки 225 нафар хонандаро дар бар мегирад дар доираи имкониятҳои мавҷуда кўмакҳои моддӣ аз қабили маводҳои шўстушўй, безараргардонӣ ва зарфҳои хўрокхўрӣ расонид.

-Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсия, матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кўмак ба ятимон, шахсони муҳтоҷу бепарастор, маъюбон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ба маблағи 1.300 сомонӣ кўмаки хайриявӣ расонид.

-Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии  роҳҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба собиқадорони соҳа, ниёзмандон ва ятимони соҳа ба маблағи 10.600 сомонӣ кўмаки молиявӣ ба мактаб-интернати ноҳияи Восеъ, интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор, кормандони Кумитаи интернатсионалистони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ниёзмандону камбизоатон ҷудо намуд.

-Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон садақаи фитрро ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат аз ҷумла ҶДММ «Бунёдкор-Т» 10.000 сомонӣ, ҶДММ «Пайванди бародарон» 7.500 сомонӣ, КВД ПИТС ва меъморӣ 550 сомонӣ, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва СМБ-и вилояти Суғд 62.400 сомонӣ, КМ иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон 700 сомонӣ ва дигар ташкилотҳо ба маблағи 80.000 сомонӣ дар маҷмўъ ба маблағи 161.150 сомонӣ кўмак расониданд.

-Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба МД нашриётҳои «Ирфон» ва «Адиб» ба 65 нафар кормандони ин муассисаҳо ба маблағи 40-59 сомонӣ кўмакҳои молиявӣ дода шуд, ки ҷамъи маблағҳои хайркардашуда 2.880 сомониро ташкил дод.

-Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 7 нафар ниёзмандон ба миқори1.860 сомонӣ кўмак расонид.

Кумитаи иттифоқи касабаи агросаноатии Тоҷикистон зиёда ба 300 нафар аъзоёни соҳа ба маблағи 30 ҳазору 300 сомонӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат дар намуди маводи ғизоӣ кўмакҳо расонидааст.

-Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба мактаб интернати ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-10 халта, равған-60 литр, шакар-50 кг, қандҳои гуногун-40 кг, макарон-100 кг, биринҷ-50 кг, намак-20 кг, картошка-200 кг, пиёз-200 кг, шарбатҳои гуногун-80 дона инчунин ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии  Кўлоб» ба 11 нафар собиқадорони меҳнат 250 сомонӣ ба ҳар нафар, ба 4 нафар беморони барҷомонда 200 сомонӣ ба ҳар нафар, ба Маркази хизматрасонии иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб барои ниёзмандон ба маблағи 3.000 сомонӣ, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» ба 7 нафар собиқадорони меҳнат ба маблағи 5.600 сомонӣ, ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр», 10.800 сомонӣ кўмаки молиявӣ ба ятимону барҷомондагон расониданд.

  -Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омўзгорони ниёзманд дар ҳаҷми 142 ҳазору 415 сомонӣ маводи ғизоӣ харидорӣ намуд.

-Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон садақаи фитри кормандони дастгоҳи Кумитаи ҷумҳуриявиро дар ҳаҷми 553 сомонӣ ба собиқадори меҳнат ҷудо намуд.

-Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 300 сомонӣ ба ятимон, бепарасторон кўмак расонид.

Дар маҷмўъ аз ҷониби ташкилотҳои иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ зиёда аз 1355-нафар ба маблағи 690405 сомонӣ харҷ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар маҷмуъ ба Федератсия 6 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Стратегияи миллии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»-ро, ки аз ҷониби мақомотҳои ташаббуси қонунгузоридошта ва дигар мақомоти ваколатдори давлат  таҳия шуда,  барои мувофиқа ба иттифоқҳои касаба ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ ва омўзиш қарор дода шуда, ҷиҳати мукаммалгардонии онҳо  таклифу пешниҳодҳои мушаххас  ирсол карда  шуданд. Бояд қайд намуд, ки санадҳои мазкур дар доираи ҳайати гуруҳи кории байниидоравӣ баррасӣ гардидаанд.

  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон масъалаи ташкили бозомўзӣ ва такмили ихтисоси фаъолони соҳаро дар ҳамкорӣ бо Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба роҳ монда, баҳри амалӣ шудани он чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

       Қобили қайд аст, ки ба асари паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти чорабиниҳо бинобар сабаби маҳдудиятҳо тариқи маҷозӣ баргузор карда мешуданд. Дар асари хуб гардидани вазъи зиддиэпидемикӣ гуруҳи кории Федератсия 12-13 майи соли равон ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардида дар кори Конференсияи минтақавии ташкилотҳои иттифоқҳои касаба иштирок намуданд. Конференсияи мазкур бо дастгирии Ташкилоти Байналмилаллии Меҳнат баргузор гардид.

Бо дастгирӣ ва кўмаки Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ силсила “вебинарҳо” дар мавзўи ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон дар шароити пандемияи коронавирус, фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар давраи пандемия, шиносоӣ бо тавсияҳои навини ТБМ мубориза дар давраи пандемия, омузиши меъёрҳои байналмилалӣ оид ба рушди шарикии иҷтимоӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, системаи нафақа ба роҳ монда шуда, мубодилаи фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи узви давлатҳои ИДМ, яъне семинари омўзишӣ бо ташаббуси Федератсия 8 апрели соли равон бо иштироки ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Ўзбекистон ва Қазоқистон, аз он ҷумла мутахассисони ТБМ дар Женева ва шаҳри Москва баргузор гардид, ки дар он мавзуҳои  қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муколамаи иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон баррасӣ карда шуд. Дар семинари мазкур намояндаҳо аз Бюрои Москвагии ТБМ, ТБМ-Женева ширкат ва баромад намуданд. Дар ин давра тариқи фосилавӣ тавассути шабакаи  интернетӣ зиёда аз 20 маротиба семинар ва конференсияҳо баргузор гардиданд.

Дар баробари ин, аз 4 то 29 апрели соли 2022 Маркази Байналмиллалии Омўзишии ТБМ-и шаҳри Турини Италия 3 нафар мутахассисони соҳаи муассисаҳои давлатӣ, сохтмон ва Шўрои иттифоқҳои касаба вилояти Суғд бо курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Моҳҳои май июни соли равон роҳбарияти Федератсия бо мутахассисони ТБМ тибқи нақша оид ба самтҳои фаъолияти дутарафа дар шаҳри Душанбе мулоқотҳо доир намуданд.

        Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он вобаста ба рушди  муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ иҷтимоии меҳнаткашон, чорабиниҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат, пардохти саривақтии музди меҳнат, баробарии гендерӣ, барномаи меҳнати арзанда ва паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, сиёсати ҷавонон, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, фарогирии кўдакону наврасон бо чорабиниҳои солимгардонӣ дар мавсими тобистон, ҳамкориҳо бо санатория ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҳамкориҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба, баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии иттифоқҳои касаба, ташкили хўроки парҳезӣ ва хариди доруворӣ дар шароити паҳншавии «COVID-19» ва дигар мавзўҳо дар расонаҳои ахбори омма, рўзномаҳои даврӣ ва иттифоқҳои касаба, телевизион ва радиои тоҷик силсила барномаҳо ва барномаю баромадҳои алоҳида сабт ва интишор карда шудаанд. Аз ҷумла, дар шабакаи якуми телевизиони тоҷик, телевизиони “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Пойтахт”, “Баҳористон”, МГТРК “Мир”, радиои тоҷик, “Садои Душанбе” барномаҳо таҳия ва пахш гашта, дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва Иттифоқҳои касабаи кишвар мунтазам мақолаҳо доир ба рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва сиёсати иҷтимоӣ чоп карда шудаанд.

           Дар ин давра дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ, “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, рўзномаи Федератсия  «Ҳамраъйӣ», рўзномаи «Кошонаи Умед»-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи  вилояти Суғд, рўзномаи «Иттифоқ»-и Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, рўзномаи «Ҳомии омўзгорон»-и  Иттифоқҳои касабаи  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои “Информ контакт” ва «Вестник»-и Конфедератсияи умумии иттифоқҳои  касабаи (ВКП) шаҳри Москва мақолаҳо ва хабарҳо дар мавзўҳои рушди шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон интишор карда шудаанд.

    Дар сатҳи вилоятҳо низ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо Идораи телевизиони вилояти Суғд барномаи «Соати ҳуқуқӣ» таҳия намудаанд, ки барнома моҳе як маротиба пахш карда мешавад. Дар баробари ин, боз дар самти таблиғоти муносибатҳои меҳнатӣ ҳамкориҳо бо телевизиони «Симои мустақими якум», ширкатҳои радио ва телевизиони «Танин» ва «Азия» барномаҳо сабт ва пахш карда шуданд.

Дар вилояти Хатлон барномаи муштарак бо Идораи телевизиони вилояти Хатлон таҳти рубрикаи «Инсон ва қонун» таҳия шудааст, ки дар ин барнома ҳар моҳ намояндагони иттифоқҳои касаба доир ба самтҳои мухталифи муносибатҳои меҳнатӣ баромад мекунанд. Барномаҳо бахшида ба тарғиботи бандҳои Созишномаи генералӣ, баста шудани Созишномаи соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ дар корхонаҳо, таҳрири нави Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ ва дигарҳо пахш карда шуданд.

Чунин корҳои таблиғотӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон низ ба роҳ монда шуд. Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо барномаи иттилоотии «Ахбор»-и телевизиони вилоят оид ба тарғиби иҷроиши бандҳои Созишномаи генералӣ ҳамкорӣ намуда, дар телевизион  мунтазам ахборотҳо пахш карда мешаванд. Ҳамзамон, дар саҳифаҳои рўзномаҳои «Бадахшон», «Оинаи зиндагӣ»-и шаҳри Хоруғ, «Маърифати Шуғнон» ва «Импульс» мақолаҳои марбута чоп карда шудаанд.

Музди меҳнат

        Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, дар моҳи апрели соли 2022-ум 1684,39 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли 2022-ум 3,6 фоиз кам ва нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 9,7 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 9,7 фоиз зиёд шудааст.

Музди ҳадди ақал 400 сомониро ташкил медиҳад.

Дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо назардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи апрели соли 2022 нисбат ба моҳи марти соли 2022-юм  4,2 фоиз кам ва нисбат ба моҳи апрели  соли 2021-ум 2,3 фоиз зиёд шудааст.

Музди меҳнати камтарин дар моҳи апрели соли 2022 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар кормандони кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ -726,73  сомониро ташкил дод. Музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок-3461,05  сомонӣ, таъмини нерўи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво -3158,19  сомонӣ, сохтмон – 2559,75  сомонӣ, саноати коркард-2217,98 сомонӣ ва дар соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа -1117,68 сомониро ташкил медиҳад. Умуман, дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар моҳи апрели соли 2022-юм 2127,58 сомониро ташкил дод ва нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 14,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати аз ҳама баланд дар кормандоне, ки фаъолияти миёнаравиҳои молиявӣ ва суғуртаро иҷро мекунанд -5033,51  сомонӣ, дар соҳаи иттилоот ва алоқа -3571,78 сомонӣ, дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор -2350,61 сомонӣ ва дар амалиётҳо бо амволи ғайриманқул- 1749,50 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Умуман, музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнати кормандони бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар моҳи апрели соли 2022-юм 1567,33  сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 8,0 фоиз зиёд шудааст.

Қарздории музди меҳнат

          Шумораи қувваҳои корӣ (аҳолии машғули кор ва бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда) аз рўи баҳои пешакӣ дар моҳи апрели соли 2022-юм 2567,6 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо 2512,3 ҳазор нафар (97,8 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғуланд ва 55,3 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,2 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил медиҳанд.            

         Масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо таҳти назорати доимии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  қарор дорад.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он масъалаи мазкурро мунтазам дар ҷаласаҳои назди раис ва Шўрои генералии Федератсия, дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ  қарор медиҳанд.

Дар доираи ваколатҳои худ ва талаботи Созишномаи генералӣ, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони корхонаҳоро таҳти назорат гирифта, бо корфармоён доир ба ҳалли ин мушкилот дар ҳамкории доимӣ ҳастанд. Ҳамасола, қарздории музди меҳнат зиёда дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии обёрӣ, саноат, кимиё, сохтмон дида мешавад.

Дар масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат аз ҷониби Федератсия мактубҳои дахлдор унвонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Роҳбари ситоди доимоамалкунанда,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қарздории мавҷудаи музди меҳнат ва маблағҳои рухсатиҳои меҳнатии кормандон ирсол карда шуданд, ки қарздории музди меҳнати соҳаҳо давра ба давра пардохт карда мешаванд.

         Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи апрели соли 2022- юм 30 млн. 984,3 ҳазор сомониро ташкил додааст, аз ҷумла дар соли ҳисоботӣ маблағи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат 3 млн. 110,3 ҳазор сомониро ташкил додааст.

То охири моҳи апрели соли 2022 нисбат ба маълумоти то охири моҳи марти соли 2022 қарздорӣ ба маблағи 398,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 1,3 фоиз кам шудааст.

Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи апрели соли 2022-ум нисбат ба маълумоти то охири моҳи марти  соли 2022 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ 1 млн. 339,1 ҳазор сомонӣ (5,3 фоиз) кам шуда, 23 млн. 724,9 ҳазор сомониро ташкил кард. Камшавии  қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ ба қайд гирифта шудааст, ба ғайр аз соҳаи саноати истихроҷ  111, 9 ҳазор сомонӣ ё 0,8 фоиз зиёд  шудааст.

Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи апрели  соли 2022-юм нисбат ба маълумоти то охири моҳи марти  соли 2022 ба маблағи 940,3  ҳазор сомонӣ ё 14,9 фоиз зиёд шуда, 7259,4 ҳазор сомониро ташкил дод. Зиёдшавии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудааст:   нақлиёт ва хоҷагии анбор 11,9  фоиз ва   идоракунии давлатӣ, мудофиа таъмини амният ва суғуртаи иҷтимоӣ 29,2 фоиз мушоҳида гардид.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар истихроҷи канданиҳои фоиданок -14876,6 ҳазор сомонӣ (48,0  фоиз аз маблағи умумӣ), таъминоти об тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа -2970,8  ҳазор сомонӣ (9,6 фоиз) сохтмон-2770,7  ҳазор сомонӣ (8,9 фоиз) ва истеҳсоли коркард (саноати коркард) – 2403,3 ҳазор сомонӣ (7,8 фоиз) боқӣ мондааст. Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ қарздории аз ҳама зиёд дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор -5952,1 ҳазор сомонӣ (19,2 фоиз аз маблағи умумии қарздорӣ), иттилоот ва алоқа 518,0 ҳазор сомонӣ (1,7 фоиз)  ва дар идоракунии давлатӣ, мудофиа, таъмини амният ва суғуртаи иҷтимоӣ-324,0  ҳазор сомонӣ (1,0 фоиз), ба қайд гирифта шудааст.

 Ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ аз сатҳи ҷумҳуриявӣ то вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҳар семоҳа мониторинги пардохти саривақтии музди меҳнатро  дар соҳаҳо баргузор менамоянд. Қобили қайд аст, ки имсол қарздории музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ назар ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, вале ҳоло ҳам қарздорӣ хеле зиёд аст.

Дар ташкилоти иттифоқи касабаи соҳаи металлургия “Тоҷикметалл”:

Дар маҷмўъ маблағи умумии қарздорӣ дар корхонаҳои соҳа 16 миллиону 426 ҳазору 52 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 12 миллиону 498 ҳазору 479 сомонӣ қарздорӣ аз солҳои пешини ҶСК комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” мебошад.

Суғд. 01 майи соли 2022 қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар вилоят бо назардошти қарзҳои моҳҳои пешин, 20 млн. 237,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 551,8 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 1 млн.381,4 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нақлиёт, 2 млн. 733,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва 15 млн.570,6 ҳазор сомонӣ ба соҳаи саноат ва ғайра тааллуқ дорад.       

         Хатлон: Қарздорӣ аз пардохти  музди  меҳнат  дар  корхонаҳо,  муассисаҳо  ва   ташкилотҳои  шаҳру  ноҳияҳои  вилояти  Хатлон ба  01. 06. 2022.,  -260685   сомониро  ташкил  медиҳад. Ноҳияи  Фархор  Идораи давлатии  хоҷагии оби ноҳия -235200 сомонӣ, ноҳияи М. С. Ҳамадонӣ -15637 сомонӣ, ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин -2765 сомониро ташкил медиҳад. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта  кам шудааст.

А П К ба ҳолати 01.06.2022 дар соҳа бо назардошти солҳои пешин (аз соли 2005) қарздории музди меҳнат 989 650 сомониро ташкил медиҳад, ки аз онҳо таалуқ доранд:

Вилояти Суғд

ноҳияи Ашт-                           -150 000 (Идораи беҳдошти замин)

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   -65 000   (Идораи беҳдошти замин)

ноҳияи Зафаробод         -125 000 (Идораи беҳдошти замин)

ноҳияи Мастчоҳ                   -120 000 (Идораи беҳдошти замин)

ноҳияи Ҷаббор Расулов      – 85 150  (Идораи беҳдошти замин)

                                      ______________________

ҳамагӣ: 545 150 сомонӣ

Вилояти Хатлон

-ноҳияи Фархор -237 500 (Идораи беҳдошти замин)

                                               шаҳри Ҳисор

ҶДММ “Боғи 15 солагии Истиқлолият” -42 000 сомонӣ

шаҳри Турсунзода

ҶДММ “Баракати гусфанди Ҳисорӣ” -165 000 сомонӣ

Бозори меҳнат       

               Шумораи қувваҳои корӣ (аҳолии машғули кор ва бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда) аз рўи баҳои пешакӣ дар моҳи апрели соли 2022-юм 2567,6 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо 2512,3 ҳазор нафар (97,8 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғуланд ва 55,3 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,2 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил медиҳанд.

         Шумораи кормандони кироя дар намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ  дар моҳи апрели соли 2022 нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 1,6 фоиз зиёд шуда, 688,7 ҳазор нафар ва аз рўи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонӣ 0,4 фоиз кам шуда, 543,1 ҳазор нафарро ташкил дод.

         Шумораи бекорони дар Агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмӣ ба қайд гирифташуда дар охири моҳи апрели соли 2022-юм 55,3 ҳазор нафарро ташкил карда, нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 9,5 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумлаи бекорони бақайд гирифташуда занон 52,3 фоиз (28,9 ҳазор  нафар). Сатҳи бекории расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 2,2 фоизро ташкил кардааст.

        Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, дар моҳи апрели соли 2022-ум 1684,39 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли 2022-ум 3,6 фоиз кам ва нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 9,7 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 9,7 фоиз зиёд шудааст.

Музди ҳадди ақал 400 сомониро ташкил медиҳад.

Дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо назардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи апрели соли 2022 нисбат ба моҳи марти соли 2022-юм  4,2 фоиз кам ва нисбат ба моҳи апрели  соли 2021-ум 2,3 фоиз зиёд шудааст.

Фарқияти музди меҳнат

Музди меҳнати камтарин дар моҳи апрели соли 2022 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар кормандони кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ -726,73  сомониро ташкил дод. Музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок-3461,05  сомонӣ, таъмини нерўи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво -3158,19  сомонӣ, сохтмон – 2559,75  сомонӣ, саноати коркард-2217,98 сомонӣ ва дар соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа -1117,68 сомониро ташкил медиҳад. Умуман, дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар моҳи апрели соли 2022-юм 2127,58 сомониро ташкил дод ва нисбат ба моҳи апрели соли 2021-ум 14,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати аз ҳама баланд дар кормандоне, ки фаъолияти миёнаравиҳои молиявӣ ва суғуртаро иҷро мекунанд -5033,51  сомонӣ, дар соҳаи иттилоот ва алоқа -3571,78 сомонӣ, дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор -2350,61 сомонӣ ва дар амалиётҳо бо амволи ғайриманқул- 1749,50 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Умуман, музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнати кормандони бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар моҳи апрели соли 2022-юм 1567,33  сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 8,0 фоиз зиёд шудааст.

Ҳифзи меҳнат

     Дар давраи ҳисоботӣ  аз ҷониби мутахассисони соҳаи ҳифзи меҳнат  дар  соли 2022 корҳои муайяне иҷро  шуда истодааст.

      Таҳлили фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнат дар соли 2022 дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳамузв ва мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ба роҳ монда шуд.

       Таҳлили ҳолати ҳифзи меҳнат ва ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ташкилоту корхонаҳои кумитаҳои соҳавӣ гузаронида шуд. Таҳлил нишон дод, ки дар ташкилотҳо як қатор чорабиниҳо оиди ҳифзи меҳнати кормандон амалӣ карда шудааст.

Чунончи, дастур ва омӯзиш оиди бехатарии меҳнат бо коргарон гузаронида мешавад, кормандон бо либос ва пойафзоли махсуси корӣ таъмин карда мешаванд. Дар баробари ин, иҷрои баъзе талаботҳои қонунгузорӣ оиди ҳифзи меҳнат дар аксари ташкилотҳо таъмин карда намешавад. Масалан, аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат гузаронида намешавад, муоинаи тиббии кормандон аз ҳисоби кормандон гузаронида мешавад, ки ин ба талаботи Кодекси меҳнати ҶТ ҷавобгӯ нест, дар аксарияти ташкилотҳо дастурамал оиди бехатарии меҳнат тартиб дода нашудааст ё мӯҳлати истифодабарии онгҳо гузаштааст, дар зиёда аз 90% ташкилотҳо дар ҷадвали вазифаҳо вазифаи муҳандиси бехатарии меҳнат ворид карда нашудааст.

Ҳисоботи ҷамъбастии шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (6 моҳи соли 2022)

Ташкилоти ҳамузви         ФИКМТТеъдоди КИИКШумораи             аъзоёни ИКСанҷиш, ҳамагӣЯкҷоя бо мақомоти давлатӣАмрнома супорида шудТеъдоди камбудиҳоИслоҳҳ карда               шудҲодисаҳои             нохўш
1КҶ  Роҳиоҳанчиён1951641212123
2КҶИК кормандони саноат, рушди маҳаллӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасонии Тоҷикистон386421722953252/2
3КҶИК комплекси агросаноатӣ168070000053131313279
4КҶИК кормандони энергетикаи Тоҷикистон26140485560302/1
5КҶИК кормандони фарҳанг ва итилооти Тоҷикистон42519245852525
6КҶИК кормандони саноати кимиё, нафт ва дигар соҳаҳои ҶТ182193Вазифаи нозири ҳифзи меҳнат вуҷуд надорад
7КҶИК кормандони соҳаи ҷангали ҶТ522222
8КҶ Тоҷикметалл45302263/2
9КҶИК кормандони ҳавопаймоии Тоҷикистон1235294477
10КҶИК кормандони тандурустӣ35680000111118121/1
11КҶИК кормандони сохтмон ва масолеҳи бинокорӣ1564580251061522/2
12КҶИК кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии ҶТ531717
13КҶИК кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо177734018774
         
14КҶИК кормандони маориф ва илми ҶТ4768301645230102104510201/0
15КҶИК кормандони саноати сабук ва бофанда5613200Вазифаи нозири ҳифзи меҳнат вуҷуд надорад
16КҶИК кормандони муассисаҳои давлатӣ, бонкӣ, ва ҷамъиятӣ1668501261223163
17КҶИК кормандони соҳаи алоқаВазифаи нозири ҳифзи меҳнат вуҷуд надорад 
 Ҳ а м а г ӣ97631 127 734524131881408125311/8

Корҳои иҷрошуда дар самти ҳифзи меҳнат дар нимсолаи якуми соли 2022 дар миқъёси ҷумҳурӣ:

  1. Таҳлили фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнат дар 6 моҳи соли 2022
  2. Бо қарори Кумитаи иҷроияи Шўрои генералии Федератсия аз 28 апрели соли 2022, №6/1, Муроҷиатнома ба корфармоён ва мақомоти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бахшида ба муносибати рўзи Байналхалқии Ҳифзи Меҳнат -28 апрель таҳия ва қабул карда шуд.
  3. Бо қарори Кумитаи иҷроияи Шўрои генералии Федератсия аз 10 июни соли 2022, №7/1”п”, Муроҷиатнома ба корфармоён ва мақомоти       иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бахшида ба муносибати 12 июн – Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бар зидди меҳнати кӯдакон таҳия ва қабул карда шуд.
  4. Қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2022, №6/3 “Дар бораи саривақт омода намудани ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” таҳия ва қабул карда шуд.  

Тафтиши ҳодисаҳои нохуши истехсолӣ гузаронида шуд:

            Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ 11 ҳодисаҳои нохуш рух дода 13 нафар ҷабрдида муайян гашт, ки аз ин миқдор 10 нафар фавтида, 3 нафар маъюб шудаанд.

  • 06.03.2022 сол, Филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи шӯъбаи тақсимоти барқи ш.Кӯлоб, Холмуродов Искандар, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

– 08.03.2022 сол,Филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи шӯъбаи         тақсимоти барқи ш.Истравшан, Холмуродов Акмалҷон, фавтидааст.

– 15.02.2022 сол, Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои н.Синои ш.Душанбе, Мамадова Саври-роҳрӯб, фавтидааст.

–  27.05.2022 сол,Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои н.Синои ш.Душанбе, Раҳимова Шамсия-роҳрӯб, фавтидааст.

 – 18.01.2022 сол, ҶДММ “Гурӯҳӣ илми-техникии Хуайён-Хитой”, Боқиев Раҳмат-ронанда, фавтидааст.

  – 08.03.2022 сол,  ҶДММ “ Вен Дзян”(Хитой), Дониёров Шермат-пармагар, фавтидааст.

  – 09.03.2022 сол, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ҳодисаи гурӯҳӣ):

             1. Салимов Абдухалил –фавтидааст;

             2. Ғафуров Собир – фавтидааст;

             3. Тураев Зафар – ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст;

  – 01.04.2022 сол, Беморхонаи марказии шаҳри Норак, Давлатов Акобиршоҳ-бародари тиббӣ, фавтидааст.

 – 04.03.2022 сол, ҶДММ “бунёд-1”, Идибоев Мурод, фавтидааст.

 – 11.03.2022 сол, ҶДММ “Муассисаи махсусгардонидаи сохтмони сайёр-2”, Насруллоев Умархон, фавтидааст.

  Ба ҳолати 01.07 соли 2022 теъдоди умумии нозирони ҳифзи меҳнат 41 нафарро ташкил кард, ки аз он 33 нафар дар кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавӣ ва 8 нафар дар кумитаҳои вилоятии соҳавӣ фаъолият менамоянд.

        Дар кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳаҳои алоқа, кимиё  ва саноатии сабук вазифаи нозири меҳнат ихтисор карда шудааст, дар соҳаҳои сохтмон ва фарҳанг бошад ин вазифаҳо бо 0,5 басти корӣ фаъолият менамоянд.

Ҳифзи ҳуқуқ

        Шӯъбаи ҳуқуқи Федератсия ва нозирони ҳуқуқи ташкилотҳои хамузв Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Низомномаи бозрасии ҳуқуқи иттифоқҳои касабаро ба роҳбарӣ гирифта,  тайи давраи ҳисоботӣ як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Шуъба таҳлил ва ҷамъбасти кори шуъба ва бозрасии ҳуқуқи ташкилотҳои ҳамузвро дар давраи соли 2021 мавриди ҷамъбаст ва таҳлил қарор дода дар ин бора маълумотномаи таҳлилии мушаххас бо нишон додани камбудиҳои ҷойдошта ва таклифот ҷиҳати рафъи онҳо ба роҳбарияти Федератсия ва роҳбарони ташкилотҳои ҳамузв ирсол намудааст.

Шуъба ҳисоботи Оинномавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро  барои соли 2021 таҳия намуда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шуъба тибқи дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷроиши талаботҳои конвенсияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат № 111 «Дар бораи дискриминатсия дар соҳаи меҳнат ва шуғл»,№ 183 «Дар бораи ҳифзи модар» ахбороти муфассали таҳлилӣ навишта, ба роҳбарияти Федератсия пешниҳод намудааст.

Мутахассисони  шуъба  мунтазам дар сомонаи интернетии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар рубрикаи «Пурсед ҷавоб медиҳем» ширкат намуда, ба саволҳои муроҷиаткунандагон, ки бештар ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла, музди меҳнат, шарту шароитҳо, меъёрҳо, ва муҳлатҳои гирифтани музди меҳнат, равона шуда буданд, ҷавобҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти Шуъба дар ҷаласаи гурухи корӣ оид ба тахияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон», ки бо иштироки намояндагони 13 вазорату идораҳо баргузор гардид, фаъолона ширкат намуд.

Масъулини Шуъба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба хотири он ки Лоиҳаи мазкур ҷиҳати татбиқи нуқтаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» равона шудааст, онро қобили дастгирӣ шуморида дар ин бора ба унвонии мақоми ваколатдор ҷавоби қаноатбахш таҳия ва ирсол намудааст.

Шуъба дар асоси дархости Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2022, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»- ро баррасӣ  намуд. Азбаки лоиҳаи мазкур ба хотири мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона шудаанд, ҷиҳати ҷонибдории он аз номи роҳбарияти Федератсия  унвонии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷавоби хаттӣ таҳия ва ирсол намудааст.

          Мудири шуъба дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳои Федератсия дар барномаҳои телевизионӣ оид ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти иттифоқҳои касаба ва муносибатҳои меҳнатӣ  тибқи ҷадвали тасдиқшуда мунтазам баромад карда истодааст.

Шуъба  ҳисоботи нозирони ҳуқуқи ташкилотҳои ҳамузвро тайи давраи фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2022 қабул намуда, мавриди омўзиш, таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод. 

Тибқи омўзиш маълум гардид, ки дар Федератсия ва  ташкилотҳои ҳамузв тайи давраи ҳисоботӣ 26 адад бастҳои кории нозирони ҳуқуқ фаъолият намудаанд, ки аз ин 2 адад дар Федератсия ва боқӣ 24 адад дар ташкилотҳои ҳамузв фаъолият доранд.  Аз ҷониби онҳо дар 557 адад корхонаҳо дурустии риояи қонунгузорӣ оид ба  меҳнат мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва қонуншиканиҳо 281 адад амрномаҳо бо ошкори 619 адад қонуншиканиҳо ба корфармоён дода шудааст, ки ба 200 адади онҳо ҷавоби қаноатбахш ворид шудааст. Ба мақомоти дахлдор 8 адад таклифҳои хаттӣ ҷиҳати рафъи қонуншиканиҳо  ирсол гардидааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти бозрасии ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ин  мусоидат намудан ба барқарор намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудаанд, мебошад. Дар ин самт кори пурсамари бозрасии ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлонро қайд кардан бамаврид аст, ки бо кушиши онҳо 8 нафар, ки ғайриқонунӣ аз ҷойи корашон озод карда шудаанд, ба ҷойи корашон барқарор карда шуданд. Бо саъйи нозирони ҳуқуқи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ ду нафар ба ҷойи корашон барқарор карда шудаанд. Дар ин самт кори дигар ташкилотҳои ҳамузв беҳбудиро  талаб мекунад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби нозирони ҳуқуқ 1048 нафар, ва аз ин теъдод 242 нафар кормандон (шаҳрвандон) дар ҷои корашон, яъне бевосита дар корхонаву ташкилотҳо қабул карда шуда, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба онҳо дода шудааст. Аз ҷониби нозирони ҳуқуқ 211 адад арзу шикояти хаттии коргарон баррасӣ карда шудааст. Нозирони ҳуқуқ дар байни коллективҳои иттифоқҳои касаба ва коллективҳои кормандон оид ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии меҳнатӣ 191 семинар ва вохурию суҳбатҳо баргузор намудаанд.

        Вале, қайд кардан бамаврид аст, ки то ҳол дар баъзе кумитаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар соҳаи алоқа, ҷангал, кимиё ва бофанда бозрасии ҳуқуқ ва ё басти кории нозири ҳуқуқ мавҷуд нест ва аз ин хотир онҳо дар ҷамбасти нимсола ҳисоботи бозрасии ҳуқуқро ба Федератсия пешниҳод накардаанд.

         Дар кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи соҳаҳои ҳавопаймоӣ гарчанде, ки 0,5 воҳидии корӣ мавҷуд бошад, ҳам вале аз ҷониби онҳо дар давраи ҳисоботӣ ягон амрнома дода нашудааст.

Дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҳамагӣ  0,5 басти корӣ ё худ воҳиди кории бозрасии ҳуқуқ фаъолият мекунад, ки ин барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмати вилоят- аъзои иттифоқҳои касаба  ва расонидани кумакҳои амалӣ ба ташкилотҳои ҳамузв кофӣ нест.

         Дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли дуюм аст, ки воҳиди кории шуъбаи ҳуқуқи вилоят, ки дар меъёри ним басти корӣ фаъолият мекард, он ҳам бошад ихтисор карда шудааст.

Дар ташкилотҳои болозикри иттифоқҳои касаба  коргарон- аъзоёни иттифоқҳои касаба аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ маҳрум мемонанд.

Аз рўйи ҳисоботи иттифоқҳои касабаи соҳаҳои маориф, роҳи оҳан,хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ ва баъзе дигар ташкилотҳои ҳамузв   маълум нест, ки аз теъдоди умумии талаби амрномаҳо, ки ба корфармоён дода шудааст, ба кадом теъдодашон ҷавоби қаноатбахш ворид шудааст, яъне, ки иҷро карда шудаанд.

Оид ба ҳамин масъала бо талаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2020 ба Низономаи Бозрасии ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва ҷадвали ҳисоботи он тағйирот ворид карда шуда аст. Аз ҷумла дар ҷадвали ҳисобот дар алоҳида банд омадааст, ки аз ҷумлаи умумии амрномаҳо, талаботҳои онҳо ба кадом теъдодаш ҷавоби қаноатбахш ворид шудааст, нишон дода шудааст.

Нигаронӣ аз он аст, ки роҳбарони такилотҳои ҳамузв сари масъалаи мазкур фикру мулоҳизаронӣ намуда, ҷиҳати ташкили нозирони ҳуқуқ ва самаранокии кори онҳо, хулосабарорӣ ва чораҳои қатъӣ қабул мекунанд.

Сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ

Дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи шарикии иҷтимоӣ  Шўъба бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои бандҳои марбутаи “Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2023”, Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024”, ҳамкорӣ намудааст. Дар баробари ин, шўъба лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таснифоти миллии тахассусҳо”, “Дар бораи Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб”, “Дар бораи Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо” ва лоиҳаи Стратегияи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 саҳмгузорӣ намуда, пешниҳодҳои худро оид ба муккамалгардонии санадҳои мазкур пешниҳодҳои мушаххас ирсол намудааст.

Маълумотҳои марбута оид ба фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар самти иҷрои барномаҳои мазкур сари вақт унвонии Вазорати меҳнат ирсол гардид.

Қобили қайд аст, ки  дар доираи ҳайати гуруҳи корӣ Шўъба дар таҳияи “Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Номгўи касб ва вазифаҳо” фаъолона иштирок намуда, доир ба маводҳои мазкур пешниҳодҳои иттифоқҳои касабаро ирсол намуд. Зеро дар ҷумҳурӣ баъзе аз касб ва машғулиятҳо аз байн рафта вобаста ба ҷаҳонишавӣ дар бозори меҳнат касб ва машғулиятҳои нав пайдо шудаанд, ки дар ҷадвали тарифии корхонаҳо ва дар Таснифоти машғулиятҳои кишвар номнавис нестанд, аз ин рў музди меҳнати онҳо номуайян мондааст. Бинобар ин сабаб қабули ин ҳуҷҷатҳо барои корфармоёни ҳам бахши давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ хеле манфиатбахш мебошад.

 Дар баробари ин, Шўъба бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳамузви Федератсия  оид ба таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2022”, ҳамкорӣ намуд.  

        Боиси қайд аст, ки моҳи феврали соли равон бо пешниҳоди Федератсия Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати меҳнат ва Иттифоқҳои касаба ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба таъсиси ташкилотҳои иттифоқҳои касаба  ва хадамотҳои ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ таҳия гашта, фаъолият дар ин самти муҳим идома дорад.

       Дар давраи ҳисоботӣ  дар самти сиёсати иҷтимоӣ лоиҳаҳои қарорҳои Шўрои генералии Федератсия “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022”, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар соли 2022”, барои баррасии ҷаласаи кумитаи иҷроия ва Шўрои генералӣ таҳия ва пешниҳод гардид.

        Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар соли 2022”, таҳия ва барои мувофиқа ба 13 вазорату мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуда, хулосаҳои онҳо гирифта  шуданд.

Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо мақомоти марказии давлатӣ, мақомотҳои маҳаллӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои лозима, яъне кадрҳои роҳбарикунандаи педагогӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, кормандони тиббӣ, мураббиҳо, ошпазҳо, таъмин намудани истироҳатгоҳҳоро ҳал намуда, барои муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ намуда истодааст.

             Бо мақсади мутташакилона ва самаранок гузаронидани истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо қарори Шӯрои генералии Федератсия аз 28 апрели соли 2022, №8/2 ҳайати Ситоди «Тобистон – 2022»,  Нақшаи корӣ ситод доир ба ташкил ва назорати мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ тасдиқ гардид. Дар ин замина 27 майи соли ҷорӣ ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон 2022» бо иштироки  мутахассисон, масъулони вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илм, корҳои дохила, кормандони БДА, хадамоти алоқа, Агентии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, Пажуҳишгоҳи озуқа, роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва намояндагони расонаҳои ахбори омма доир гашт, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли равон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд ва ба масъулини соҳаҳо дастрас гардиданд.

Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида аз ташкилотҳои ҳамузви Федератсия имсол 50  адад лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷиҳати қабули кўдакону наврасонро дар мавсими тобистони соли равон изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ-7 адад лагер, дар вилояти Суғд-19 адад лагер, дар вилояти Хатлон- 7 адад лагер, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-17 адад лагер мавҷуд ҳастанд, ки кўдакону наврасонро қабул карда метавонанд.

14.06.2022 лагери “Барқчиён”-и ноҳияи Варзоб 215 нафар кўдакону наврасонро ба истироҳат фаро гирифт, ки аз ҷумла 40 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав бо чорабиниҳои солимгадон фаро гирифта шуданд, муддати  як баст иборат аз 15 рўз буда, кўдакон дар истироҳатгоҳ истироҳат ва фароғат мекунанд. Басти дуюми истироҳатгоҳи “Барқчиён”-и ноҳияи Варзоб рузи 30 июн оғоз гардид, ки дар он  250- нафар кўдакону наврасон фаро гирифта шуданд.

Басти якуми истироҳат дар лагери “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода рўзи 16.06.2022 оғоз гардида тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ш. Шоҳин ва Ҷ. Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон -130 нафар ва аз ташкилотҳои ҳамузви Федератсия-муассисаҳои давлатӣ, сохтмон, бофанда, хоҷагии манзилӣ коммуналӣ, роҳи оҳан ва фарҳанг дар маҷмўъ 300 нафар кўдакону наврасонро қабул намуд.

Истироҳатгоҳи “Файзи истиқлол” басти якуми худро  20 июни соли 2022 оғоз намуда дар истироҳатгоҳ 360 нафар кўдакону наврасон фаро гирифта шуданд, ки дар он 40 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Рўдакӣ ва 4 нафар кўдакони ятими соҳа фаро гирифта шуданд.

Дар вилояти Суғд истироҳатгоҳҳои “20 солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Ҷ.Расулов рўзи 06.06.2022 -60 нафар, “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон 10.06.2022 -90 нафар, “Бободархон”-и ноҳияи Ашт 15.06.2022 -50 нафар ва Муассисаи солимгардонии “Суғд”-и ноҳияи Б.Ғафуров 13.06.2022 -180 нафар кўдакону наврасонро ба фароғат фаро гирифтанд.

Вилояти Хатлон рўзи 20.06.2022 -24 нафар иштирокчиёни олимпиадаи шаҳри Бохтарро ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и ноҳияи Варзоб, 22.06.2022-62 нафар кўдакону наврасонро ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»-и дараи Ромит фиристод. Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят аз ҳисоби маблағҳои 1,5% -100 нафар кўдакону наврасонро ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» ба истироҳат фаро гирифт.

  Рўзи 25.06.2022 -60 нафар кўдакону наврасон ба истироҳатгоҳи «Офтобак»-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон фиристонида шуданд.

Кумитаи марказии иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон рўзи 18.06.2022 -100 нафар кўдаконро дар истироҳатгоҳи “Коргарҷавонон” ва 24.06.2022 -150 нафар кўдаконро дар истироҳатгоҳи “Обшорон” ба фароғат қабул намуд.

Рузи 30 июни соли 2022 соҳаи ҳавопаймоӣ дар истироҳатгоҳи “Космос”-и ноҳияи Ромит 24 нафар кўдакону наврасони соҳаро бо чорабиниҳои солимгардонӣ фаро гирифтаанд.

Дар маҷмўъ ба ҳолати 30 июн аз рўи маълумотҳои пешакӣ дар басти якуми истироҳат 2025 нафар кўдакону наврасон бо чорабиниҳои солимгардонӣ фаро гирифта шуда, аз ин миқдор 280 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ фаро гирифта шуданд. 

       Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар масъалаи баланд бардоштани савияи касбии кормандон тариқи фарогирии онҳо бо семинарҳо ва омўзишҳои такмили ихтисос амалӣ шуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Федератсия дар давраи моҳҳои феврал-июн 8 маротиба семинарҳои омузишӣ бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва мутахассисон-коршиносони ин ташкилот тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори ин семинарҳо кормандони дастгоҳи марказии Федератсия, роҳбарони кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, Шуроҳои вилоятии иттифоқҳои касаба ва нозирони ҳуқуқу ҳифзи меҳнати Федератсия, иштирок намуданд. Дар ин замина 3 нафар кормандони иттифоқҳои касаба аз ташкилотҳои соҳавӣ, яъне Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи муассисаҳои давлатӣ ва сохтмон бо курсҳои такмили ихтисос тариқи онлайн дар Маркази байналмилалии таҳсили Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат воқеъ дар шаҳри Турин фаро гирифта шуданд.

        Назорати иҷрои бандҳои Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ, шартномаҳои коллективӣ дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ҳар нимсола баррасӣ карда мешавад. Фаъолият дар ин ҷода тариқи ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ аз болои иҷрои бандҳои  созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият иҷро шуда истодаанд.

       Дар нимсолаи якуми соли 2022 қабл аз ҳама ҳамкориҳо бо васоити ахбори умум беш аз пеш вусъат ёфт. Чорабиниҳои аҳамияти ҷумҳурияви дошта, ки бевосита аз ҷониби Федератсия  ташкил карда шуданд, тариқи шабакаҳои мухталифи телевизионӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон, телевизиони “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Баҳористон”,“Синамо”, телевизиони Душанбе,  радиои Тоҷикистон ва “Садои Душанбе”  дар маҷмўъ-12 намоиши телевизиони ва 6 намоиш дар радио  пахш карда шуданд.

Ҷиҳати боз ҳам ба таври васеъ инъикос намудани фаъолияти ташкилоти иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ бо ташаббуси Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шартномаи муштарак байни Федератсия ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳуурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва намоиши силсилабарномаҳои муштарак таҳти унвони “Иттифоқҳои касаба ва ҷомеа”,  ҷиҳати татбиқи бандҳои марбутаи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ба имзо расида, алҳол  10-барномаҳо дар ҳаҷми то 30 дақиқа сабт ва интишор гардиданд. Аз ҷумла, 28 апрел маҷлиси ҷмъбастии семоҳаи Шурои генералии Федератсия доир гашт, ки дар он ҳамаи шабакаҳои телевизион ширкат намуданд, дар баробари ин, 26 майи соли равон маҷлиси  ситоди ҷумҳуриявии “Тобистон-2022” доир гашт, ки  оид ба баргузории ҷаласаи ситод маълумот ба навор гирифта шуда дар телевизион интишор гардид. 

Дар давраи фаъолияти истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои “Ширкент”, “Барқчиён”, “Файзи Истиқлол”, “Коргарҷавонон”, “Космос” аз ҷониби шабакаҳои якуми телевизион, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Баҳористон”, МГТРК “Мир” наворҳо сабт ва пахш карда шуданд.

Сомонаи расмии Федератсия айни ҳол  фаъол буда, дар саҳифаҳои он навидҳои тозатарини фаъолияти ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва ҳамчунин чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсӣ  ҷойгир карда мешаванд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар сомона 423 мавод бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷойгир карда шуд. Пешкашии саривақтии руйдодҳо ба пайваста афзудани шумораи алоқамандони сомонаи Федератсия мусоидат намуд. Дар сомона ҳамчунин саҳифаҳои “Пурсед посух медиҳем”, “Ҳифзи меҳнат” ва “Дар меҳмонии сомона”   ташкил карда, дар он ба суолҳои алоқамандон оид ба ҳифзи ҳуқуқи кормандон ҷавобҳои амиқ дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар сомона маводҳо оид ба руйдодҳои навини  ҳаёти ташкилоти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва масоили мубрами муталиқ ба ин тарҳ сари вақт ҷой карда мешаванд. Махсусуан, ба фаъолияти ҷавонон дар ташкилоти иттифоқҳои касаба диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар доираи фаъолият саъй ба он карда мешавад, ки ба қадри лозима фаъолияти кумитаҳои соҳавии ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба инъикос карда шавад. Дар ин маврид саҳми Кумитаи  марказии   ИК кормандони  геология, саноати  маъдан ва металлургияи ҶТ «Тоҷикметалл», Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, Шўрои  иттифоқҳои  касабаи  вилояти Хатлон ва Шўрои  иттифоқҳои  касабаи  вилояти  Суғд саҳми босазо доранд. Аз ҷониби онҳо маводҳои зарурӣ сари вақт пешкаш мегарданд.    

Вале бояд зикр намуд, ки дигар роҳбарони кумитаҳои соҳавӣ дар масири ҳамкории пайвастаи тарафайн фаъол нестанд.

Инъикоси иттиолоотии фаъолияти ташкилоти иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ тариқи агентию марказҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иттилоотии  иҷтимоӣ, аз ҷумла facebook ботадриҷ тавфиқ меёбад. Дар ин давра дар саҳифаҳои АМИТ “Ховар” қариб 12 мавод бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расиданд. Дар назар аст, ки минбаъд ҷиҳати ташвиқи бештари фаъолияти иттиифоқи касаба маводҳо дар саҳифаҳои дигар агентиҳои иттилоотӣ  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо рӯзномаю маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Айни ҳол дар саҳифаҳои рӯзномаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба – “Ҳамраъйӣ”-и Федератсия, “Иттифоқ”-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва “Кошонаи ҳусн”-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд маводҳои мухталиф оид ба фаъолияти иттифоқҳои касаба, чорабиниҳои баргузоршуда, ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, аъзои алоҳидаи иттифоқи касаба ва навидҳои рухдода маводҳои ҷолиб ва сермуҳтаво чоп мегарданд ва умед бар он аст, ки дар оянда фаъолияти рузномаҳои  мазкур боз ҳам таҳким меёбад.

Коргузорӣ ва муроҷиати шаҳрвандон

Коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо, аризаҳо ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби масъулини Федератсия таҳти назорати мунтазам қарор дорад.

Дар  нимсолаи якуми соли 2022, 539-адад мактубҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳо, кумитаҳои ҳамузв ва Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, муроҷиат ва аризаҳои шаҳрвандон ворид шуда, ба ҳамаи онҳо сари вақт ҷавобҳои хаттӣ ва шифоҳӣ гардонида шудааст, аз ҷумла:

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-27 адад, барои маълумот ва корбарӣ-27 адад;

Нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва муовини Сарвазири ҶТ ворид шуд-61 адад, иҷро шуд-8 адад, барои маълумот ва корбарӣ-53адад.

Барқияи ҳукуматӣ-15 адад, иҷро шуд-13 адад, барои маълумот -2 адад.

Дар ин давра 143 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуд, иҷро шуд-65, барои маълумот 78 адад, иттилоот аз ташкилотҳои ҳамузв барои маълумот ва ҷамъбаст 303 адад, мактубҳои содиротӣ ҳамагӣ-191 адад.

Оид ба муроҷиати шаҳрвандон 37-ариза ворид шуд. Аз ҷумла: аризаҳои  кӯмакпулӣ 17 адад, иҷро шуд 14-то, аризаҳо барои ҷудо намудани роҳхат ба  осоишгоҳ 9 адад, иҷро шуд 4 адад, (ба ташкилотҳои ҳамузв-5 адад), маълумотнома барои музди меҳнат ва собиқаи корӣ 6 адад, иҷро шуд 6 адад, шикоят аз болои роҳбарон-2 адад, иҷро шуд-2 адад, дигар масъалаҳо-3 адад, иҷро шуд-3 адад.

Фаъолияти хоҷагидорӣ

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахши хоҷагидории Федератсия ҷиҳати нигоҳдории бино, ҳолати санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгу ба меъёрҳо ва талаботҳои шаҳрдорӣ ва ҳолати зиддиэпидемикӣ корҳои лозима иҷро карда шуданд. Бояд    қайд кард, ки хароҷотҳои нигаҳдорӣ ва иншоотҳои дохили бино маблағҳои зиёдеро талаб мекунад, аз ҷумла дар соли сипаригашта аз ҷониби Федератсия

андози ғайриманқул дар ҳаҷми-48635 сомонӣ, андози замин-672 сомонӣ, истифодаи об-34577 сомонӣ, истифодаи барқ-50546 сомонӣ, хароҷоти партов-8042 сомонӣ, хароҷоти хоҷагидорӣ-78246 сомонӣ, гармидиҳӣ-28000 сомонӣ, сарҷамъ-248.718 сомонӣ пардохт гардид. Дар ин давра тибқи муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Федератсия кўмаки моддӣ ба маблағи 28900 сомонӣ ва кўмаки молиявӣ дар ҳаҷми 5200 сомонӣ расонида шуд. Хароҷотҳои зикргардида хароҷотҳои ҳатмӣ буда бояд сари вақт пардохт карда шаванд. Бинобар ин иҷрои уҳдадориҳои молиявии ташкилотҳои ҳамузв дар самти пардохти саривақтии маблағҳои аъзоҳаққӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар асари сари вақт иҷро накардани ўҳдадориҳои оинномавӣ аз тарафи баъзе аз ташкилотҳои ҳамузв Федератсия аз баъзе корхонаҳо қарздор мебошад, аз ҷумла барои гармидиҳӣ-53000 сомонӣ, барқ-7000 сомонӣ, об-1000 сомонӣ, аъзоҳаққии КУИК (ВКП)-19000 сомонӣ, сарҷамъ-80000 сомонӣ. Қобили қайд аст, ки Бинои Федератсия дар маркази шаҳр ҷойгир буда аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ мунтазам супоришҳо оид ба зебо ва обод намудани гирду атрофи бино супоришҳои мушаххас дода мешаванд ва дар давраи сипаригашта бино ва гирду атрофи он бо корҳои ободонӣ фаро гирифта шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.