Мудири Шуъбаи иқтисодию иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва  муносибатҳои байналмилалии ФИКМТ Юнусов  Ҷамшед: рукнҳои дахлдори  Созишномаи генералӣ бемайлон амалӣ мегарданд

Мудири Шуъбаи иқтисодию иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва  муносибатҳои байналмилалии ФИКМТ Юнусов  Ҷамшед: рукнҳои дахлдори  Созишномаи генералӣ бемайлон амалӣ мегарданд

Федератсия дар татбиқи бемайлони Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 корҳои зиёдеро ба ҷо овардааст. Дар амалӣ гаштани рукнҳои дахлдори ин матлаб Шуъбаи иқтисодию иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва  муносибатҳои байналмилалӣ саҳми босазо дорад. Вобаста ба ин мудири шуъба Ҷамшед  Юнусов  ба таври зайл иброз дошт:

– Шуъба дар бобати амалигардони рукнҳои дахлдори  Созишномаи генералӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида аст. Вобаста ба ин дар тарҳи шарикии иҷтимоӣ  шўъба бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои бандҳои марбутаи “Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2023”, Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024”, ҳамкорӣ намудааст. Дар баробари ин, шўъба лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таснифоти миллии тахассусҳо”, “Дар бораи Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб”, “Дар бораи Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо” ва лоиҳаи Стратегияи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 саҳмгузорӣ намуда, пешниҳодҳои худро оид ба муккамалгардонии санадҳои мазкур пешниҳодҳои мушаххас ирсол намудааст.

Маълумотҳои марбута оид ба фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар самти иҷрои барномаҳои мазкур сари вақт унвонии Вазорати меҳнат ирсол гардид.

Қобили қайд аст, ки  дар доираи ҳайати гуруҳи корӣ Шўъба дар таҳияи “Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Номгўи касб ва вазифаҳо” фаъолона иштирок намуда, доир ба маводҳои мазкур пешниҳодҳои иттифоқҳои касабаро ирсол намуд. Зеро дар ҷумҳурӣ баъзе аз касб ва машғулиятҳо аз байн рафта вобаста ба ҷаҳонишавӣ дар бозори меҳнат касб ва машғулиятҳои нав пайдо шудаанд, ки дар ҷадвали тарифии корхонаҳо ва дар Таснифоти машғулиятҳои кишвар номнавис нестанд, аз ин рў музди меҳнати онҳо номуайян мондааст. Бинобар ин сабаб қабули ин ҳуҷҷатҳо барои корфармоёни ҳам бахши давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ хеле манфиатбахш мебошад.

 Дар баробари ин, Шўъба бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳамузви Федератсия  оид ба таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2022”, ҳамкорӣ намуд.  

        Боиси қайд аст, ки моҳи феврали соли равон бо пешниҳоди Федератсия Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати меҳнат ва Иттифоқҳои касаба ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба таъсиси ташкилотҳои иттифоқҳои касаба  ва хадамотҳои ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ таҳия гашта, фаъолият дар ин самти муҳим идома дорад.

       Дар давраи ҳисоботӣ  дар самти сиёсати иҷтимоӣ лоиҳаҳои қарорҳои Шўрои генералии Федератсия “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022”, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар соли 2022”, барои баррасии ҷаласаи кумитаи иҷроия ва Шўрои генералӣ таҳия ва пешниҳод гардид.

        Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар соли 2022”, таҳия ва барои мувофиқа ба 13 вазорату мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуда, хулосаҳои онҳо гирифта  шуданд.

Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо мақомоти марказии давлатӣ, мақомотҳои маҳаллӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои лозима, яъне кадрҳои роҳбарикунандаи педагогӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, кормандони тиббӣ, мураббиҳо, ошпазҳо, таъмин намудани истироҳатгоҳҳоро ҳал намуда, барои муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ намуда истодааст.

             Бо мақсади мутташакилона ва самаранок гузаронидани истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо қарори Шӯрои генералии Федератсия аз 28 апрели соли 2022, №8/2 ҳайати Ситоди «Тобистон – 2022»,  Нақшаи корӣ ситод доир ба ташкил ва назорати мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ тасдиқ гардид. Дар ин замина 27 майи соли ҷорӣ ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон 2022» бо иштироки  мутахассисон, масъулони вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илм, корҳои дохила, кормандони БДА, хадамоти алоқа, Агентии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, Пажуҳишгоҳи озуқа, роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва намояндагони расонаҳои ахбори омма доир гашт, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли равон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд ва ба масъулини соҳаҳо дастрас гардиданд.

        Назорати иҷрои бандҳои Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ, шартномаҳои коллективӣ дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ҳар нимсола баррасӣ карда мешавад. Фаъолият дар ин ҷода тариқи ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ аз болои иҷрои бандҳои  созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият иҷро шуда истодаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.