МУБОРАКБОДӢ

МУБОРАКБОДӢ

Боиси ифтихори тамоми аъзоёни иттифоқи касабаи маорифи вилояти Суғд аст, ки имрӯз Самизода Мӯсобек Самӣ – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар вазъияти тантанавӣ бо Медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардиданд. Маросими супоридани туҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Раёсат ва кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд Самизода Мӯсобек Самиро барои қадрдонӣ гардидан бо ин дастоварди бузург самимона муборакбод менамоянд. Воқеан ҳам солҳои охир эҳсос мегардид, ки саҳми Самизода Мӯсобек дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон хеле назаррас аст. Албатта заҳматҳои шабонарӯзии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст аз маддӣ назари роҳбарияти Олии мамлакат дур намемонад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар нафаре, ки содиқонаву софдилона баҳри гул – гул шукӯфоии сарзаминамон хидмат менамояд, қадр мекунанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.