СЕМИНАР МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

СЕМИНАР МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо иштироки зиёда аз 30 нафар кормандон, мутахассисон, муҳосибон, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг семинар – машварати омӯзишӣ баргузор гардид.Дар кори семинар роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Аббосова Мухбира Хамидовна ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Бузуруков Иномхӯҷа Атабекович иштирок ва баромад намуданд.Кори семинарро раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилоят Қодирова Фотимахон Саидовна ифтитоҳ намуд. Инчунин мавсуф оиди тартиби ҳуҷҷатнигорӣ дар самти солимгардонии кӯдакону наврасон дар кумитаҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа суханронӣ намуд. Сипас Бузуруков Иномхӯҷа Атабекович – мудири шӯъбаи ҳуқуқи Шӯрои итифоқҳои касабаи вилоят дар бораи ҷараёни риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоӣ, бастани шартномаи коллективӣ ва шартномаи меҳнатӣ, дар бораи нақш ва мавқеи иттифоқи касаба дар ҷомеа, оид ба пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ, дар бораи истифодаи маблағҳои 1,5 фоиза, пардохти кӯмакпулӣ, дастурамали тартиби корбурд бо дафтарчаҳои меҳнатӣ суханронӣ намуд.

Инчунин дар семинари мазкур нисбати Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқи касаба дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, нисбати муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ташкил намудани хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо маълумот дода шуд.Баъдан Ғафур Комилов – нозири ҳифзи меҳнати кумита дар мавзӯи “Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” маърӯза намуда, қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳо боиси ҷоннок гардидани фаъолияти иттифоқи касаба хоҳад буд. Дар охир миёни мутахассисон ва иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, иштирокдорон оид ба масъалаҳои меҳнат, суғуртаи давлатии иҷтимоию нафақа, тартиби пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, додани рухсатии ҳомиладорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.